Моҳи май Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Моҳи майи соли 2025 дар Тоҷикистон ҳавои гарм, вале ноустувор пешбинӣ мешавад. Давоми моҳ дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ тағйироти назарраси ҳарорат, боришоти пуршиддат, раъду барқ ва ҳатто тӯфони чангу ғубор мушоҳида хоҳад шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳарорат дар аксари минтақаҳо ба меъёри иқлимӣ мувофиқ ё каме аз он […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи майи соли 2025 дар Тоҷикистон ҳавои гарм, вале ноустувор пешбинӣ мешавад. Давоми моҳ дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ тағйироти назарраси ҳарорат, боришоти пуршиддат, раъду барқ ва ҳатто тӯфони чангу ғубор мушоҳида хоҳад шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳарорат дар аксари минтақаҳо ба меъёри иқлимӣ мувофиқ ё каме аз он пасттар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар ин моҳ обуҳавои тағйирёбанда аз эҳтимол дур нест.

 

Душанбе, водиҳои НТМ ва Хатлон: 1 дараҷа поинтар аз меъёр

Дар водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ), аз ҷумла пойтахти Тоҷикистон – Душанбе, инчунин вилояти Хатлон вазъи ҳаво дар моҳи май якхела пешгӯӣ мешавад.

Дар қаламравҳои зикршуда ҳарораи миёнаи моҳона +20…+22 °C-ро ташкил хоҳад дод, ки 1 дараҷа поинтар аз меъёр аст.  

Аммо баъзе рӯзҳо ҳаво хеле гарм мешавад: рӯзона то  +32 °C, баъзан бахусус дар ҷануб, вилояти Хатлон то +36 °C.  Ҳарорат шабона +10 то +23 °C.

Дар доманакӯҳҳо каме салқинтар: шабона +7…+16 °C, рӯзона — то +27 °C.

Меъёри боришоти моҳона дар минтақа: дар НТМ ва Душанбе — 54–73 мм, дар Хатлон — 14–58 мм, дар доманакӯҳҳо — то 135 мм.

Обуҳавошиносон ҳавои абрноки тағйирёбанда, боришоти кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва эҳтимоли боридани жоларо пешгӯӣ мекунанд.

Дар рӯзҳои ҷудогона суръати шамол аз ғарб пурзӯр мешавад — то 20 м/с, ки метавонад ба тӯфони чангу ғубор ва фаромадани туман боис гардад.

 

Вилояти Суғд: гарм, вале тағйирёбанда ва бо шамол

Моҳи май ҳаво дар вилояти Суғд гарм, вале баъзан ноустувор мешавад. Ҳарорати миёна дар водиҳо +20…+22 °C, дар ноҳияҳои кӯҳӣ — +8…+12 °C. Шабона ҳарорат то +9 °C ва дар кӯҳҳо — то +2 °C поин рафта, баъзан то –2 °C хунук мешавад.

Боришот дар вилоят дар ҳудуди меъёр мешавад: дар водиҳо — то 33 мм, дар кӯҳҳо — то 58 мм.

Раъду барқ, боришоти пуршиддат ва боридани жола пешбинӣ мешавад. Дар ағбаҳо фаромадани тумани ғафс дар назар аст.

Суръати шамол то 17–22 м/с пурзӯр мешавад, ки метавонад дар роҳ ва ноҳияҳои хокашон хушк душвориҳо пеш орад.

 

Ноҳияҳои кӯҳии НТМ ва ғарби ВМКБ — салқин, вале бо баъзе рӯзҳои гарм

Дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ ва ғарби ВМКБ ҳарорат муътадил мешавад — ба ҳисоби миёна аз +10 то +16 °C. Шабона — аз +5 то +15 °C, баъзе рӯзҳо ҳарорат то 0  °C поин меравад. Рӯзона — +14…+25 °C, дар рӯзҳои гарм — то +34 °C.

Боришот дар ҳудуди меъёр мешавад, баъзан баландтар: дар кӯҳҳои НТМ — то 106 мм, дар ғарби ВМКБ — то 53 мм.

Раъду барқ, боришоти пуршиддат ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб, дар рӯзҳои ҷудогона — то 18 м/с.

 

Шарқи ВМКБ — сардӣ, барф ва шамол

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ сардтарин дар кишвар боқӣ мемонанд. Ҳарорати миёна — +2…+5 °C. Шабона — аз –6 то +4 °C, рӯзона — аз +3 то +15 °C.

Миқдори боришоти моҳона — дар ҳудуди меъёр ва баландтар аз он (12–21 мм).

Дар минтақа боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол дар рӯзҳои ҷудогона то 20 м/с пурзӯр мешавад, ки метавонад ба бӯрони барфӣ ва поинравии сатҳи биноӣ оварда расонад.

Ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон агар аз як тараф маъмулан гарм шавад, аз ҷониби дигар – ноустувор ва баъзан хатарнок ҳам буда метавонад. Бахусус ин ҳолатҳоро ба инобат гирифтан лозим аст:

– тағйирёбии босуръати ҳарорат;

– раъду барқ ва боришоти пуршиддати кӯтоҳмуддат;

– шамоли сахт ва тӯфони гарду ғубор.

Обуҳавошиносон ба сокинону меҳмонони кишвар тавсия медиҳанд, ки аз маълумоти фаврӣ дар бораи вазъи ҳаво, бахусус дар давраҳои суръат гирифтани шамол саривақт огаҳӣ ёбанд. Бар асари туман ва қитъаҳои лағжони роҳҳо, ронандагонро лозим аст, ки эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.