Чоргонаи беҳтарин. Размикорони тоҷикро дар UFC чӣ интизор аст?

Ҳамагӣ чанд сол пеш дар Лигаи маъруфи муҳорибаҳои омехта дар ҷаҳон – UFC ягон размикори тоҷик ҳузур надошт. Лекин қариб ҳар кадоме аз онҳо талош доштанд, ки ба он шомил шаванд. Ва бисёре аз онҳо ба он наздик расида буданд, фақат як чизе намерасид. Баҳори соли 2023 якбора 4 варзишгар аз Тоҷикистон ба UFC шомил […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ҳамагӣ чанд сол пеш дар Лигаи маъруфи муҳорибаҳои омехта дар ҷаҳон – UFC ягон размикори тоҷик ҳузур надошт. Лекин қариб ҳар кадоме аз онҳо талош доштанд, ки ба он шомил шаванд. Ва бисёре аз онҳо ба он наздик расида буданд, фақат як чизе намерасид.

Баҳори соли 2023 якбора 4 варзишгар аз Тоҷикистон ба UFC шомил шуданд.

Аз он замон Муин Ғафуров аллакай 4 рақобат гузаронида, дар 2-тоаш пирӯз ва дар 2-тои дигар мағлуб шуд. Лоиқ Раҷабов низ 2 ғалаба ва 2 бохт дорад.

Нурулло Алиев дар 1 рақобат ғолиб омада, сипас ҷароҳат гирифт ва муддати тӯлонӣ худро барқарор кард. Чанде пеш дар рақобати 2-юми худ низ пирӯз шуд. Муҳаммад Наимов дар 4 рақобаташ ғолиб омада, дар 1 қувваозмоӣ ба шикаст дучор шуд.  

Минбаъд чӣ мешавад? Дар Лигаи маъруфи Дана Уайт тоҷикистониёнро чӣ интизор аст?

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар мавриди мавқеъ ва ҳунарнамоии минбаъдаи ин 4 размикори тоҷик пешгӯии худро манзуратон гардонад.

Муҳаммад Наимов (11-2)

Вазн: нимсабук (66 кг)

Синнусол: 29-сола

Вазъи кунунӣ. Наимов соли 2023 муваффақона ба UFC ворид шуд. То моҳи майи соли 2025 ӯ ба якчанд ғалабаи назаррас (аз ҷумла бо нокаут) ноил гардида, худро ҳамчун зарбазани пуртаҷриба нишон дод. Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳам ғалабаҳо ба даст овардаву ҳам ба бохтҳо дучор гардида, дар рақобатҳои асосӣ (мейнкардҳо)-и мусобиқаҳои UFC Fight Night ва PPV дилпурона боқӣ мемонад.

Пешгӯӣ. 2025-2026 – Муҳаммад ба устувор кардани мавқеи худ дар 25-гонаи  беҳтаринҳо (топ-25)-и дивизион ва “гейткипер шудан” дар сафи 15-гонаи беҳтаринҳо қодир аст.

Шарти пешрафт. Агар маҳораташро дар куштӣ (гӯштин) ва кардио беҳтар кунад, метавонад ба сафи 15-гонаи  беҳтаринҳо дохил шавад (мисли Илия Топурия дар замони худ).

Таваҷҷуҳи мухлисон. Байни мухлисони Осиёи Марказӣ ва ИМА (миёни диаспораи тоҷикон) хеле писандида аст, ки ӯро барои тоҷирон (реклама) ҷолиб мекунад.

Эҳтимоли дар ростерси UFC қарор гирифтан дар соли 2026: 85%. (Ростерс рӯйхати размикорони UFC мебошад, ки бо промоушен қарордод бастаанд).

Лоиқ Раҷабов (17-5-1)

Вазн: сабук (70 кг)

Синнусол: 33-сола

Вазъи кунунӣ. Раҷабов дар PFL ҳунарнамоӣ карда, соли 2023 дар UFC бори нахуст рақобат кард, лекин натиҷаҳояш ноустувор буданд. Пас аз рақобати охир UFC ҳоло қарордод бо ӯро дароз накардаст.

Пешгӯӣ. 2025 – ба эҳтимоли қавӣ, созишномаи нав имзо мекунад ва агар ин тавр нашавад, метавонад дар PFL якчанд рақобат гузаронад.

Омили синнусол. Дар вазни сабук размикорон хеле кам дар синни 33-34-солагӣ ба авҷи ҳунарнамоии худ мерасанд, аз ин рӯ, имконҳои ӯ барои ҳунарнамоии дарозмуддат дар UFC кам мешаванд.

Эҳтимоли соли 2026 дар UFC боқӣ мондан: 35-40%.

Муин Ғафуров (18-6)

Вазн: сабуктарин (61 кг)

Синнусол: 29-сола

Вазъи кунунӣ. Ғафуров пас аз ҳунарнамоии ҷолиб дар Contender Series  бо UFC қарордод баст. Дар UFC якчанд рақобат гузаронид, лекин натиҷаҳояш ҳоло миёнаанд: ҳам ғалабаву ҳам бохтҳо. Услуби Муин – ҷанговарона ва ҳамлагарона буда, лекин ба ӯ маҳорати ҳимоя аз усули куштӣ (гӯштин) дар сатҳи олӣ камӣ мекунад.

Пешгӯӣ. 2025 – соли муҳимтарин: 1 ё 2 рақобат ояндаи ӯро дар UFC муайян мекунанд. Агар дар соли 2026 ҳимоя аз тейкдаунҳо ва куштиро беҳар кунад, метавонад ба сафи 20-гонаи беҳтаринҳо (топ-20) дохил шавад.

Пешгӯии дарозмуҳлат. Синнусоли ӯ имкон медиҳад, ки боз 3-4-соли дигар рушд карда, ба комёбиҳо ноил гардад.

Эҳтимоли боқӣ мондан дар ростери UFC то охири соли 2026: 75%.

Нурулло Алиев (10-0)

Вазн: сабук (70 кг)

Синнусол: 24-сола

Вазъи кунунӣ. Ҷавонтарин размикор миёни тоҷикон дар UFC мебошад. Услуби ӯро ба Ҳабиби ҷавон монанд мекунанд – куштигирии қавӣ, назорат ва грэпплинг. Яке аз ояндадортарин размикори дивзиони вазни сабук боқӣ мемонад.

Пешгӯӣ. 2025-2026 – дилпурона мавқеи худро дар сафи 25-гонаи беҳтаринҳо (топ-25) мустаҳкам мекунад. Солҳои 2027-2028 – агар пешрафту рушдаш идома ёбад, метавонад ба сафи 15-гонаи  беҳтаринҳо ва сипас 10-гонаи беҳтаринҳо низ шомил шавад.

Дурнамои рақобатҳои унвонӣ. Дар дурнамои дарозмуҳлат (4-5 сол) Нурулло байни ҳамаи размикорони тоҷик бо ин синнусол имкони аз ҳама баландтари расидан ба фатҳи қуллаҳои навро дорад.

Эҳтимоли шомил гардидан ба 15-гонаи беҳтарин то соли 2027: 65-70%.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.