Корманди ВКД, ки барои “фарбеҳӣ” аз кор озод шуд ва ба президент муроҷиат кард, ба РВКД-и Душанбе ба суҳбат даъват гардид

Asia-Plus

Чанд рӯз аст дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муроҷиати як корманди собиқи мақомоти корҳои дохила ба раисҷумҳур мечархад. Дар он собиқ корманди ВКД  шикоят мекунад, ки “бинобар гаронвазнӣ аз кор ронда шудааст” ва аз раисҷумҳур хоҳиш менамояд, ки барои дар кори пешинаш барқарор шудан, мусоидат кунад.

Ин корманди пешини ВКД ба “Азия-Плюс” сабаби аз кор ронда шудан ва дархосташ аз раиси ҷумҳурро муфассал шарҳ дод.

Барзу Бобоев, ки худро корманди пешини Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД муаррифӣ кард, дар навори муроҷиати худ мегӯяд, ки ба иллати “вазни зиёд аз кор дар мақомоти корҳои дохила” ронда шудааст.

 

"Боз 6-10 кг хароб шав, дубора ба кор қабул мекунем”

Номбурда дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иброз дошт, ки қариб як сол мешавад, ки кори муносиб надорад ва муроҷиатҳояш барои барқарор кардан дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бенатиҷа будаанд.

“Сабаби аз кор гирифтани ман ин “гаронвазнӣ” буд. Моҳи июли соли 2024 буд, ки дар саҳни Вазорати корҳои дохилӣ “гаронвазнҳоро” ҷамъ карданд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба назди ман омаданд ва баъди шунидани гузоришам, гуфтанд, ки “шумо аз вазифа озод”. Аммо вазир нагуфтанд, ки аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ ронда шавам. Баъди як моҳ фармони вазир баромад ва дар он зикр мешавад, ки ман аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод ҳастам”, – нақл кард Барзу Бобоев.

Бобоев эътироф мекунад, ки вақти аз кор рондан 125 кг вазн дошт.

“Мутаасифона, ба ман муҳлат барои кам кардани вазн надоданд”, – иброз дошт номбурда.

Бобоев мегӯяд, ҳоло 105 кг вазн дорад, аммо то нашри навор муроҷиатҳояш барои ба кор барқарор шудан, бесамар анҷомидааст.

“Баъди нашри навор маро ба Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе даъват карда, сӯҳбат карданд. Дар шуъбаи кормандони РВКД дар пойтахт баъди санҷиши қаду вазнам гуфтанд, ки боз 6 – 10 кг хароб шав, дар ягон сохтори мақомоти корҳои дохила дубора ба кор қабул мекунем”, – мегӯяд Бобоев.

 

"Гаронвазн"-ҳо …чусту чолок нестанд?

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” мушаххасан оид ба даъвои Барзу Бобоев шарҳе надоданд, аммо ба таври умумӣ гуфтанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ оид ба қаду вазни корманд талаботи хос аст ва онҳое, ки вазни зиёд ё қади паст доранд, наметавонанд дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ кор кунанд.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД мегӯяд, ки тибқи муқаррароти дар ВКД қабулкарда, “қади милитсия мард бояд аз 168 сантиметр ва милитсияи зан аз 160 сантиметр боло бошад. Вазнашон низ бояд ба баландии қадашон мувофиқат кунад ва шиками бузург низ надошта бошанд”.

“Масалан, агар қади корманди 30-солаи ВКД 1 метру 70 сантиметр бошад, вазни ӯ набояд аз 70 кг зиёд бошад”, – таъкид кард ӯ.

Маҳмадзода зикр мекунад, ки вазн ва қади корманди ВКД ҳамчунин аз рӯйи синну сол низ муқаррар карда мешавад ва талабот барои ҷавонҳо сахттар аст.

“Кормандоне, ки “гаронвазнӣ” доранд, барои вобаста шудан дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ мутобиқат намекунанд. Аз ҳисоби он ки либос шинам нест, симои зоҳирӣ хуб нест, чусту чолок нестанд ва ғайра. Ин тасмим барои ислоҳи симои зоҳирии худи кормандон гирифта шудааст, барои он ки ҳар яки онҳо тарзи ҳаёти солимро пеша карда, ба варзиш машғул шаванд”, – иброз дошт сухангӯи ВКД.

Бояд гуфт, ки нахустин ҳолатҳои баркаронии кормандони мақомоти корҳои дохила бинобар гаронвазнӣ охири моҳи январи соли 2017 баъди як фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабт шуда буд.

Баъдтар чандин корманди милитсия бо сабаби фарбеҳӣ аз кор сабукдӯш гардида, ба қавли сухангӯи ВКД, бархе “мутахассисони хубу ботаҷриба” баъди коҳиши вазн дубора ба кор қабул шуданд.

Барзу Бобоев ҳам мегӯяд, бо умеди он, ки пас аз коҳиши вазн дубора ба сафи мақомоти корҳои дохила пазируфта мешавад, ҳоло тамрин мекунад ва талош дорад, боз ҳам хароб шавад.

Ӯ таъкид мекунад, ки ҳоло 28-сола ва хеле ҷавон аст, ҳамагӣ 4 сол дар Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД кор кардааст. Аз ин лиҳоз, мехоҳад ба кори пешинаш барқарор шуда, адои хидмат намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...