Китоби “Сетор”-и Фарзонаи Хуҷандӣ бо хатти форсӣ дар Эрон чоп шуд

Китоби "Сетор"-и Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо хатти форсӣ баргардон ва дар Эрон ба табъ расид. Дар ин бора мураттиби ин китоб Шоҳонаи Озарахш, номзади илмҳои филологӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ӯ гуфт, ки китоби мазкур бо баргардонӣ ва пешгуфтори пажӯҳишгари эронӣ Муҳсини Фараҳбар дар нашриёти “Хирадгон” ба нашр расидааст. Дар боби шарҳи ҳолу фаъолияти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Китоби "Сетор"-и Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо хатти форсӣ баргардон ва дар Эрон ба табъ расид. Дар ин бора мураттиби ин китоб Шоҳонаи Озарахш, номзади илмҳои филологӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ӯ гуфт, ки китоби мазкур бо баргардонӣ ва пешгуфтори пажӯҳишгари эронӣ Муҳсини Фараҳбар дар нашриёти “Хирадгон” ба нашр расидааст.

Дар боби шарҳи ҳолу фаъолияти Фарзона дар муқоваи “Сетор” омадаааст, ки “Фарзонаи Хуҷандӣ (Иноят Хоҷаева) шоири андешаварзу нависандаи номдори Тоҷикистон аст, ки ба унвони яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форсӣ шинохта мешавад. Ӯ на танҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар миёни форсизабонони ҷаҳон низ чеҳраи шинохташуда аст”.

“Ҳарчанд нигоҳи бонуи Хуҷандӣ ба инсон ва зиндагӣ жарфу ҳакимона аст, аммо забони шеърҳои ӯ сода ва дар айни ҳол пурбаҳост. Фарзонаи Хуҷандӣ ба далели ҷойгоҳи баландаш дар шеъри муосири Тоҷикистон “Фурӯғи Тоҷикистон” номида шудааст”, – навиштааст Муҳсини Фараҳбар.

Бояд гуфт, ки “Сетор” охири моҳи октябри соли 2024 ба муносибати 60-солагии устод Фарзона дар Душанбе ба теъдоди 100 нусха ба чоп расида буд. Дар ин китоб 100 ғазал аз “Девони ғазалиёт”-и Фарзона ва 100 ғазали дигар аз китобҳои “Арғувони офтоб”, “Найсон”, “Найшакар” ва дигар маҷмӯаҳои шоира гулчин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2024”, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг гузаронида шуд, охири соли гузашта дар номинаи “Назм” китоби “Сетор” соҳиби ҷойи аввал шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.