Мизу курсии шикаста, фаршҳои валангор. Вазири маориф “бе огоҳӣ” ба мактабҳои Ҳисор рафта, вазъро нигаронкунанда дарёфтааст

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон “бе огоҳӣ” ба чанд мактаби шаҳри Ҳисор рафта, вазъи онҳоро нигаронкунанда дарёфтааст. Боздиди вазир маълум кардааст, ки дар баъзе мактабҳо таълиму тарбия, интизоми кор, ҳолати беҳдоштӣ, тозагӣ ва иштироки хонандагон дар дарс дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илм хабар дода, навиштааст, ки зимни […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон “бе огоҳӣ” ба чанд мактаби шаҳри Ҳисор рафта, вазъи онҳоро нигаронкунанда дарёфтааст. Боздиди вазир маълум кардааст, ки дар баъзе мактабҳо таълиму тарбия, интизоми кор, ҳолати беҳдоштӣ, тозагӣ ва иштироки хонандагон дар дарс дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Дар ин бора Вазорати маориф ва илм хабар дода, навиштааст, ки зимни боздиди вазир, ки рӯзи 5-уми май сурат гирифт, ҳатто директор ва муовинонии баъзе мактабҳо “бе сабабҳои узрнок” дар ҷои кор набудаанд.

“…ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 (Бобоёров Зокирҷон) ва муовини директор оид ба хоҷагидорӣ (Муҳиддинов Маҳмадшоҳ) дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар кор ҳузур надоштанд”, – навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, хонандагони баъзе аз мактабҳо бидуни китобҳои дарсӣ ва либосҳои тавсиявӣ ба мактаб омадаанд. Ба саволҳои вазири маориф низ хонандаҳо посух дода натавонистаанд.

“Аз 22 хонанда, ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшда, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб гардонида натавонистанд”,- гуфтааст Вазорат.

Вазорат ин мушкилиҳоро ба камтаваҷҷуҳии шуъбаи маорифи Ҳисор ва директорони мактабҳо рабт додааст.

Ӯ ҳамчунин, фаъолияти муҳосибони баъзе мактабҳоро ҳам ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст.

Раҳим Саидзода аз дидани ин ҳама камбудиҳо нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки “ҳар як корманди соҳаи маориф бояд бо дилу нияти нек, эҳсоси баланди ватандорӣ ва тарбияи солими насли наврас” корро ба роҳ монад. 

Маълум нест, ки вазир барои бартарф кардани ин камбудиҳо чӣ чора андешидааст. 

Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва таъмирталаб будани онҳо дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ дар яке аз суханрониҳояш  гуфта буд, ки 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад.

Ба гуфтаи ӯ инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.

Қаблан, “Азия-Плюс” пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳаи маориф матлабе бо унвони  “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа”, нашр кард, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед ва аз мушкилиҳои соҳа огоҳ шавед..

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.