Нақлиёти барқӣ бо қарз. Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?

  “Азия-Плюс” пешниҳоди қарзии бонкҳои кишварро барои хариди нақлиёти барқӣ ҷамъ овард. Ин имкони хуби гузаштан ба нақлиёти “сабз” бе хавфҳои молиявӣ аст.  Маълум шуд, ки қарзи хос бо фоизи паст барои хариди электромобил танҳо аз ҷониби бархе аз ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла “Алиф Бонк”, “Бонки Эсхата”, “Спитамен Бонк”, ICB ва Фонди қарзии хурди “Микроинвест” […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

“Азия-Плюс” пешниҳоди қарзии бонкҳои кишварро барои хариди нақлиёти барқӣ ҷамъ овард. Ин имкони хуби гузаштан ба нақлиёти “сабз” бе хавфҳои молиявӣ аст. 

Маълум шуд, ки қарзи хос бо фоизи паст барои хариди электромобил танҳо аз ҷониби бархе аз ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла “Алиф Бонк”, “Бонки Эсхата”, “Спитамен Бонк”, ICB ва Фонди қарзии хурди “Микроинвест” пешниҳод мешавад. Дигар бонкҳо танҳо қарз барои хариди автомобил пешниҳод мекунанд.

 

“Алиф Бонк”

“Алиф Бонк” барои хариди нақлиёти барқӣ қарз бо 15% солона бо доллар ва бо 23% солона бо сомонӣ пешниҳод мекунад. Ду сол қабл меъёри фоизи қарзии бонк барои хариди автомобил 28% солона будааст.

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 1 миллион сомонӣ ва муҳлати пардохт то 5 сол аст. Барои гирифтани қарз бояд пешпардохт ба маблағи 20% аз нархи автомобил супорида шавад. 

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

 

Бонки «Эсхата»

Бонки “Эсхата” барои хариди нақлиёти барқӣ қарз бо 22% солона ва барои хариди автомобил бо сӯзишворӣ қарз бо 24% солона пешниҳод мекунад. 

Қарзи бонк барои то 5 сол пешбинӣ шуда, ба маблағи то 300 ҳазор сомонӣ аст. Барои гирифтани қарз пешниҳоди гарав ё пешпардохт шарт нест.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

 

“Спитамен Бонк”

“Қарзи сабз”-и “Спитамен Бонк” пешниҳоди ҷолибест барои харидории мошинҳои барқӣ ва рушди соҳибкории экологӣ.

Меъёри фоизи қарзӣ аз 21% солона оғоз шуда, ҳаҷми максималии он то 300 000 сомонӣ ва муҳлат то 48 моҳ аст.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

 

Фонди қарзии хурди “Микроинвест”

“Микроинвест” қарзҳо ба маблағи аз 1 000 то 250 000 сомонӣ ба муҳлати то 48 моҳро пешниҳод мекунад. 

Барои муштариёни нав меъёри фоизи қарзӣ аз 21% солона ва барои муштариёни доимӣ аз 20% солона оғоз мегардад. Се моҳи аввал давраи имтиёзнок буда, дар ин муҳлат фоиз ҳисоб карда намешавад.

Ҳамчун гарав замонат, нақлиёт ё амволи ғайриманқул қабул мешавад.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

 

“Актив Бонк”

“Актив Бонк” автоқарз бо 13% солона бо доллар бо пешпардохти 20% аз нархи автомобил пешниҳод мекунад. Меъёри фоиз бе пешпардохт 18%-ро ташкил медиҳад.

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 20 000 доллар ва муҳлати пардохт то 48 моҳ аст. Ду сол қабл, ҳадди ниҳоии маблағи қарзи ин бонк то 25 000 доллар буд.

Қарз бо сомонӣ низ пешниҳод мешавад :

– Бо пешпардохт — 20% солона;

– Бе пешпардохт — 25% солона.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

 

Dushanbe City Bank

Dushanbe City Bank қарз ба маблағи то 500 000 сомонӣ бо муҳлати то 5 сол пешниҳод мекунад.

Меъёри фоизи қарз аз 20% солона бо сомонӣ ва аз 14% бо доллар оғоз мешавад.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

 

“Коммерсбонк Тоҷикистон” 

Меъёри фоизи қарзӣ барои хариди мошин дар “Коммерсбонк Тоҷикистон” аз 13% то 15% солона бо доллар ва аз 20% то 25% бо сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 300 000 сомонӣ ва муҳлати пардохт то 36 моҳ аст.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Бояд гуфт, ки ду сол қабл меъёри фоизи қарзӣ дар бонкҳои гуногун бо сомонӣ аз 13% то 28% солона ва бо доллра аз 7,4% то 20%-ро ташкил медод. Имрӯз ҳадди ақалли меъёри фоиз аз 20% бо сомонӣ ва аз 13% бо доллар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.