Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт

Asia-Plus

Эрону Амрико даври чаҳоруми музокироти ҳастаиро, ки дирӯз, 11-уми май дар шаҳри Масқати Умон баргузор гардид, “ҷиддитар ва сареҳтар аз се даври қаблӣ” ва “дилгармкунанда ва мусбат” унвон кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, гуфтугӯҳои намояндагони Эрон ва Амрико бо миёнҷигарии вазири корҳои хориҷаи Умон худуди се соат давом ёфтааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, ки раёсати намояндагони кишварашро дар ин музокирот бар душ дорад, ин даври гуфтугӯҳо бо Амрикоро “ҷиддитар ва сареҳтар аз се даври қаблӣ”, аммо “рӯ ба пешрафт” арзёбӣ кардааст.

“Ин музокираҳо ҷиддитар ва ошкоротар аз се даври қаблӣ буд. Мо ҳоло якдигарро хубтар дарк кардаем ва умедворем, ки метавонем пешрафтҳои бештаре ба даст орем… Ғанисозии урани Эрон бояд идома ёбад, агарчи домана ва сатҳи он мумкин аст тағйир кунад”, – гуфтааст Ароқчӣ.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам ин даври музокиротро “душвор, аммо муфид барои дарки беҳтари мавзеъҳои якдигар ва ёфтани роҳҳалҳои мантиқиву воқеъбинона барои рафъи ихтилофот” тавсиф кардааст.

Мақомдорони амрикоӣ, бахусус, Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси раиси ҷумҳури Амрико дар умри Ховари Миёна, ки раёсати ҳайати Иёлоти Муттаҳидаро дар гуфтугӯҳо бо Эрон бар уҳда дорад, то кунун расман дар мавриди музокираи рӯзи гузашта чизе нагуфтаанд.

Аммо як мақоми аршади амрикоӣ бидуни зикри номаш ба хабаргузории “Ройтерз” гуфтааст, ки аз натиҷаҳои ин даври музокирот бо Эрон “дилгарм” шудаанд.

Ин мақоми амрикоӣ афзудааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, гуфтугӯҳо идома ёбад ва дидори баъдӣ “ба зудӣ баргузор хоҳад шуд”.

Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷаи Умон ва миёнҷии музокирот эълом кардааст, ки даври панҷуми гуфтугӯҳои Эрону Амрико “пас аз он баргузор хоҳад шуд, ки ҳарду тараф бо роҳбарони худ машварат кунанд”.

Ҳоло дақиқ нест, ки даврии баъдии музокирот кай ва дар куҷо доир мешавад.

Дар ҳамин ҳол, BBC менависад, ки Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, гуфтааст, гуфтугӯ дар бораи "барҳам додан"-и барномаи ҳастаии Эрон ғайриқобили қабул аст.

Вай дар як нишасти кабинаи вазирон гуфтааст, ки баҳс, ки дар мавриди тахриби комили таъсисоти ҳастаии Эрон матраҳ шудааст, барои мо ғайриқобили қабул аст ва Эрон аз ҳуқуқи сулҳомези ҳастаии худ даст нахоҳад кашид.

Пизишкиён ҳамчунин, афзудааст, ки мо дар ҳоли музокираҳои ҷиддӣ ва дар пайи тавофуқ ҳастем.

"Мо метавонем ба шумо итминон диҳем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гоҳ дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ набуд, нест ва нахоҳад буд", – таъкид кардааст раисҷумҳури Эрон.

Чаҳорумин даври музокироти Эрон ва Амрико дар ҳоле баргузор шуд, ки гуфта мешуд, ин музокирот бар сари тавофуқоти ду тараф бар сари ҳаққи Эрон барои ғанисозии ураниум ва талаби Амрико барои тахриби теъдоде аз мавзеъҳои ҳастаии ин кишвар соя кардааст.

Ёдовар мешавем, ки мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Уммон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекарданд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ мекарданд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” хоҳад буд.

То ин лаҳза ҷонибҳо чаҳор маротиба бо ҳам мулоқот ва музокирот карданд.

Бояд гуфт, соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.

Оид ба паёмадҳои мусбат ва манфии ин музокирот дар ин маводи “Азия-Плюс” “Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг? хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...