Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин

Аз 7 то 12 май дар шаҳри Наначан (Чин) мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ (ACC Canoe Sprint Asian Championships) баргузор шуд. Намояндагони Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ваа Амир Бобоҷонов дар каноэи дукаса С-2 дар масофаи 1000 метр ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардиданд. Ба ҷуз онҳо, Муҳаммадӣ Раҷабов низ ба ҳайати […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз 7 то 12 май дар шаҳри Наначан (Чин) мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ (ACC Canoe Sprint Asian Championships) баргузор шуд. Намояндагони Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ваа Амир Бобоҷонов дар каноэи дукаса С-2 дар масофаи 1000 метр ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Ба ҷуз онҳо, Муҳаммадӣ Раҷабов низ ба ҳайати тими мунтахаб шомил буд, ки дар каноэи якаса С-1 дар масофаи 1000 метр то даври финалӣ расида, лекин ба дарёфти медал комёб нашуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” мураббии мунтахаби Тоҷикистон Зоҳир Набиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқот 280 варзишгар аз 19 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ветнам, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Муобиқа дар масофаҳои 200, 500 ва 1000 метр дар чунин навъҳо сурат гирифтанд:

– байдарка (K) ва каноэ (C), яккаса (K1, C1), дукаса (K2, C2), чоркаса (K4, C4);

– қаиқронии омехта: каноэ-дукаса 500 м, байдарка-дукаса 500 м, каноэ-чоркаса 500 м, байдарка-чоркаса 500 м.

Навъҳои омехта боз ба барномаи мусобиқоти қаҳрамонӣ дохил шуданд, ки аз талош баҳри баробарии гендерӣ ва гуногуннавъӣ дар варзиш гувоҳӣ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.