Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин

Date:

Аз 7 то 12 май дар шаҳри Наначан (Чин) мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ (ACC Canoe Sprint Asian Championships) баргузор шуд. Намояндагони Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ваа Амир Бобоҷонов дар каноэи дукаса С-2 дар масофаи 1000 метр ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Ба ҷуз онҳо, Муҳаммадӣ Раҷабов низ ба ҳайати тими мунтахаб шомил буд, ки дар каноэи якаса С-1 дар масофаи 1000 метр то даври финалӣ расида, лекин ба дарёфти медал комёб нашуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” мураббии мунтахаби Тоҷикистон Зоҳир Набиев хабар дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Каноэи дукасаи Тоҷикистон

Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқот 280 варзишгар аз 19 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ветнам, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Муобиқа дар масофаҳои 200, 500 ва 1000 метр дар чунин навъҳо сурат гирифтанд:

– байдарка (K) ва каноэ (C), яккаса (K1, C1), дукаса (K2, C2), чоркаса (K4, C4);

– қаиқронии омехта: каноэ-дукаса 500 м, байдарка-дукаса 500 м, каноэ-чоркаса 500 м, байдарка-чоркаса 500 м.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мунтахаби қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Навъҳои омехта боз ба барномаи мусобиқоти қаҳрамонӣ дохил шуданд, ки аз талош баҳри баробарии гендерӣ ва гуногуннавъӣ дар варзиш гувоҳӣ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...