“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон

Asia-Plus

Бо гузашти беш аз чор моҳ аз нашри хабари боздошти ҷаҳор гумонбар ба кушторҳои пурсарусадои аъзои чанд оила дар Конибодом, чанде аз пайвандони боздоштшудагон мегӯянд, аз сарнавишти наздиконашон хабар надоранд ва намедонанд, ки онҳо дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти расмӣ бо баҳонаи “халал наросидан ба рафти тафтишот” аз ироаи ҳар гуна маълумот худдорӣ мекунад.

Рӯзи 21-уми декабри соли 2024, баъди қариб 9 моҳи оғози кушторҳои мармузи аъзои чанд оила дар Конибодом, Додситонии кулли кишвар бо нашри як иттилоия гуфт, ки “ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда”, дар робита ба ин ҳодиса нафарони зерин ҳамчун гумонбар боздошт ва алайҳашон парванда боз гардидааст:

– Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;

– Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом.

Он замон ин ниҳод ҷузъиёти бештар надод ва то имрӯз ҳам маълумоти иловагие ироа накардааст.

Ҳамакнун, бо гузашти беш аз чор моҳ чанде аз пайвандони боздоштшудагон мегӯянд, аз сарнавишти наздиконашон хабар надоранд ва намедонанд, ки онҳо ҳоло дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.

 

“Танҳо гирист”

Дилфира Ахмедуллина, модари Солеҳҷон Худайбердиев, яке аз боздоштшудагон зимни сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки писарашро бори охир моҳи декабр дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд дида буд.

“Вақте аз ӯ пурсидам, ки дар ин ҷиноят даст дорад ё не, ҳеҷ чиз нагуфт, танҳо гирист”, – мегӯяд Ахмедуллина.

Ин зан гуфт, барои ҳимояи фарзандаш вакили дифоъ киро накардааст, зеро барои ин маблағ надорад.

Дилфира Ахмедуллина мегӯяд, ҳоло интизори анҷоми тафтишот аст ва бештар аз ин ҳеҷ иттилое надорад.

 

“Умед ба тафтишоти боадолатона”

Зулфия Тухтаева, модари Аҳадҷон Тухтаев, гумонбари дигари боздоштшуда аст. Ӯ ҳам мегӯяд, бо писараш баъди дастгир шудан, ҳамагӣ як бор дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд мулоқот кардааст.

 

“Вақти сӯҳбат писарам ба ман гуфт, ки бегуноҳ аст. Аммо ростӣ намедонам, ки асли қазия чист. Баъди боздошти писарам, мақомоти тафтишотӣ омада, хонаро кофтанд, вале ягон чиз ёфт нашуд”, – гуфт Тухтаева.

Ин модар низ зикр кард, ки барои ҳимояи писараш вакили дифоъ киро накардааст ва “ҳама умед ба тафтишоти боадолатона аст”.

 

“Намедонам шавҳарам дар куҷост?”

Зарнигор Баротова, ҳамсари Бахтиёр Равшанов, гумонбари сеюми боздоштшуда зикр мекунад, ки пас аз боздошт шавҳарашро надидааст ва ҳоло намедонад, ки ӯ дар куҷост.

“Борҳо ба милитсия ва додситонии шаҳр рафтам, аммо натавонистам шавҳарамро бинам. Волидони шавҳарам ҳам талош мекунанд то фарзандашонро бинанд, аммо наметавонанд”, – мегӯяд Баротова.

Ӯ ҳам таъкид мекунад, ки барои шавҳараш вакили дифоъ киро накардаанд.

“Ба як вакили дифоъ муроҷиат кардем, гуфт, ки давлат вакили дифоъ медиҳам, ман наметавонам адвокати шавҳари шумо шавам”, – гуфт Баротова.

 

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо пайвандони гумонбари ҷаҳорруми боздоштшуда – Манучеҳр Одилов суҳбат кунад.

Дар Додситонии кулли кишвар ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфтанд, ки тафтишот идома дорад.

“Тафтишот ба зиммаи Раёсати тафтишоти парвандаи махсусан муҳим  вогузор шудааст ва ҳоло идома дорад”, – зикр кард Зулфия Муҳиддинзода, сухангӯи Додситонии кул.

Аммо ӯ аз бо баҳонаи “сири тафтишот” аз ироа маълумоти бештар худдорӣ кард.

Охирин хабаре, ки Додситонии кул дар бораи кушторҳои пурсарусадои Конибодом ироа кард, ин буд, ки “фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”.

Дар бораи силсилаи кушторҳо дар Конибодом муфассал дар маводи “Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?” метавонед мутолиа кунед.

Ҳамчунин, дар бораи баъзе ҷузъиёти боздошт ва зиндагиву фаъолияти муттаҳамони дастгиршуда дар матлаби “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” метавонед маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...