Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти се нафар бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухаддир (ҳашиш ва афюн) ба хориҷи кишвар хабар додааст. Онҳо воситаҳои нашъадорро бо роҳи ғайриоддӣ – дар зери дегҳои афғонӣ мехостанд ба хориҷа равон кунанд. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар дода, аз гумонбарон Саъдӣ Олимов, сокини ноҳияи Зафарабод, Азизҷон Арзумурадов ва Суҳроб […]

Шаҳноза Ализода, Asia-Plus

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти се нафар бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухаддир (ҳашиш ва афюн) ба хориҷи кишвар хабар додааст. Онҳо воситаҳои нашъадорро бо роҳи ғайриоддӣ – дар зери дегҳои афғонӣ мехостанд ба хориҷа равон кунанд.

Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар дода, аз гумонбарон Саъдӣ Олимов, сокини ноҳияи Зафарабод, Азизҷон Арзумурадов ва Суҳроб Юлдашев сокинони ноҳияи Спитамен ном бурдааст. Онҳоро кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе “дар асоси маълумоти оперативӣ” боздошт кардаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки онҳо ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар боздошт шудаанд. Аммо мақомот нагуфтаанд, онҳо маводи мухадирро чӣ гуна ба кишвар ворид кардаанд ва нияти ба куҷо интиқол додани онро доштаанд.  

Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар пойтахт нашр кардааст, яке аз гумонбарон мегӯяд, ки “афюн”-ро дар таги дегҳои афғонӣ аз Афғонистон ҷойсоз кардаанд ва ба ӯ фаҳмонидаанд, ки зерашро бурида маводро гиранд.

Мақомот нисбати боздоштшудаҳо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар андозаи махсусан калон (моддаи 200 қисми 4)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Ин моддаи қонунгузорӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи ин афрод ба иттиҳоми мақомот маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки пулиси пойтахт аз боздошти чанд нафар бо гумони интиқоли маводи мухаддир ва мусодираи ҳаҷми зиёди воситаҳои нашъадор хабар медиҳад.

Моҳи январи соли равон ин ниҳод аз боздошти “як гурӯҳи нашъаҷалоб иборат аз 5 нафар” хабар дода буд, ки аз онҳо 127 кг воситаҳои гуногуни нашъадор  (55 кг ҳашиш ва 72 кг афюн) дарёфту мусодира шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳ, воситаҳо нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷалоби афғонистонӣ қабул карда, “бо ёрии ҳаммаслакони худ ба фурӯш мегузоштааст”.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.

Инчунин соли гузашта дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 140 ҳолат ё 20% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.