Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?

Date:

Нахустнамоиши филми бадеии “Хоби сурх” рӯзи 16-уми май, соати 18:00 дар толори синамои “Ватан” доир мегардад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, филм бо коргардонии Соҳибёр Толиб рӯйи саҳна омада, филмнома низ аз ҷониби худи коргардон навишта шудааст. 

Наворбардории филм соли 2024 оғоз гардида буд ва қаблан “Девона” унвон дошт. Давомнокии он 80 дақиқа буда, дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ ба навор гирифта шудааст.

Нақшҳои асосии филми “Хоби сурх”-ро ҳунармандони шинохтаи тоҷик, Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигарон офаридаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Постери филм

Манбаъ менависад, достони филм зиндагии нафареро тасвир мекунад, ки “дар даврони истиқлол зери таъсири андешаҳои ташаккулёфтаи давраи Шӯравӣ қарор дорад”.

Сюжаи филм дар бораи пирмарде қисса мекунад, ки дар ҷанги Афғонистон сарбози ҳукумати шуравӣ буд. Ӯ дар бузургсолӣ гирифтори беморӣ шуда, пас аз 2 соли бистарӣ шудан дар бемористони руҳӣ мехоҳад Иттиҳодияи Шуравиро барқарор кунад.

Гуфта мешавад, дар филми “Хоби сурх” андешаҳои иҷтимоиву инсонӣ ба таври вижа ба тасвир омада, масоили замонаро низ матраҳ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан ин ниҳод аз анҷоми филмбардории “Пайроҳаи хашм” ва “Моҳӣ барои рафиқ Черчил” иттилоъ дода буд. Филми “Пайроҳаи хашм” тирамоҳи соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе рӯнамоӣ мешавад. “Моҳӣ барои рафиқ Черчил” дар танзим қарор дорад.

Ҳоло барои наворбардории филми муштараки таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” корбарӣ мешавад ва ба гуфтаи масъулини “Тоҷикфилм”, ҷониби Тоҷикистон пурра омода буда, рӯзҳои наздик филмбардорӣ оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...