Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз гармои шадид ва гарду ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор дод. Ба гуфтаи ин ниҳод,  аз 15 то 17-уми май дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд дамои ҳаво аз 34+39º то 37+42º гарм мешавад. Манбаъ гуфтааст, ки дар моҳи май ин гуна болоравии дамо ғайримуқаррарӣ аст ва пеш […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз гармои шадид ва гарду ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор дод. Ба гуфтаи ин ниҳод,  аз 15 то 17-уми май дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд дамои ҳаво аз 34+39º то 37+42º гарм мешавад.

Манбаъ гуфтааст, ки дар моҳи май ин гуна болоравии дамо ғайримуқаррарӣ аст ва пеш иттифоқ наафтода буд.

Илова бар ин, КҲФ гуфтааст, “рӯзҳои 17 –19-уми май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон бо сабаби воридшавии тӯфони гарду ғубор аз манотиқи ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб сатҳи олудагии ҳаво баланд мешавад”.

Дар робита ба ин, мақомот аз шаҳрвандон хостаанд, ки дар ин рӯзҳо сайругашти рӯзонаро камтар кунанд, “бахусус аз соати 11:00 то 16:00 бе зарурат аз хона ё коргоҳ берун нашаванд”.

КҲФ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо бештар об ва афшурдаи меваҳоро нӯшида, нафарони гирифтори бемориҳои дилу раг, фишорбаландӣ ва қанд бо худ дору бигиранд. 

Инчунин, ба волидайн тався шудааст, ки ба кӯдакон аҳаммияти бештар дода, онҳоро беназорат нагузоранд.

“Нӯшидани оби зиёду афшурдаи меваҳо тавсия дода мешавад. Одамони гирифтори бемориҳои дилу раг ва фишорбаландӣ, диабети қанд миқдори доруи кофиро дар ихтиёр дошта бошанд. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти бештар диҳанд. Онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоранд”, – омадааст дар хабари Кумита.

 

Баҳори гармтар

Манзура Ҷумъахонова, Сардори шуъбаи пешгӯии ҳаво Агентии обуҳавошиносӣ ба  “Азия-Плюс” гуфт, моҳои март ва апрели соли ҷорӣ дарвоқеъ ҳам гармтар омаданд. Ҳарорати миёна дар ин моҳҳо аз меъёрҳои чандинсолаи иқлимӣ 2-4 дараҷа зиёдтар аст. Тибқи пешгӯиҳо, ҳавои гарм дар моҳи май низ боқӣ мемонад.

“Имсол ҳарорат дар моҳҳои март ва апрел дарвоқеъ ҳам аз меъёри маъмулӣ баландтар буд. Дар моҳи майи низ ин тамоюл идома меёбад”, – зикр кард Ҷумъахонова.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати тибқи меъёр 7-10 дараҷа гарм будан, моҳи март ҳарорати миёна дар водиҳо 10-13 драҷаро ташкил дод. Сарфи назар аз сардиҳо ва боришоти кӯтоҳмуддат, нишондиҳандаи миёнаи моҳона 1-3 дараҷа зиёдтар аз меъёр буд.

Моҳи апрел низ ҳаво мисли тобистон буд. Дар водиҳо ҳарорат то 18-22 дараҷа гармӣ (меъёри маъмулӣ – 15-18 дараҷа гарм) расид. Ҳавои гарм бахусус дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон ҳба мушоҳида расида, рӯзҳои ҷудогона ҳарорат дар ин ҷойҳо то 38 дараҷа гармӣ боло рафт.

Ба ин тариқ, ҳарорат дар моҳи апрел 2-4 дараҷа аз меъёр зиёд буд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки чунин гармии барвақт ва қариб пурра набудани боришот дар моҳи апрел, ба хеле зуд гармшавии ҳаво ва хок оварда расонид. Ин ба пеш аз муҳлат бедоршавии табиат ва ғайримуқаррарӣ тезтар шукуфтани гулу растаниҳо боис гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.