Аз ҳабси Хуршед Фозилов ду сол гузашт. Ин рӯзноманигор ва хонаводааш чӣ ҳол доранд?

Date:

Ду соли пеш дар ҳамин рӯз, Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент 7 сол равонаи зиндон шуд. Ӯро мақомот бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” айбдор карданд, вале ба қавли пайвандонаш, рӯзноманигор онро то кунун қабул надорад ва умедвор аст, ки “рӯзе озод мешавад”.

 

“Месулфиданд, нафасашон мегирифт”

Фарзона Облоқулова, ҳамсари Хуршед Фозилов, имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то ҳол умедвор аст, ки шавҳараш озод мешавад ва рӯзе дари хонаро кӯфта, ба назди фарзандонаш бармегардад.

Ӯ ҳар се моҳ бо Хуршед Фозилов дар зиндони шаҳри Хуҷанд вомехӯрад ва ҳар ҳафта ё дар даҳ рӯз як бор тариқи телефон бо ҳамсар ва кӯдакону наздиконаш гуфтугӯ мекунад.

Ба қавли ҳамсари Хуршед, ӯ дар ҳама мулоқотҳо таъкид мекунад, ки “маро ғайриқонунӣ ҳабс карданд, гуноҳ надорам. Маро барои фаъолияти журналистиам бархе нотавонбинон барқасд бо тӯҳмат ҳабс карданд”.

Бори охир рӯзи 6-уми март Хуршедро дар зиндон дидааст ва мегӯяд, ки он вақт саломатиаш хуб буд, вале дар охирин гуфтугӯи телефонӣ дар рӯзи 20-уми май аз бемориаш хабар додааст.

“Хуршед бронхит доштанд, ҳаво гарм шуд, бемориашон авҷ гирифтааст, дар телефон месулфиданд, нафасашон мегирифт. Сахт хавотир ҳастам. Чӣ ҳол дошта бошанд, намедонам. Имрӯз бояд занг мезаданд, аз субҳ телефонро аз худам дур намемонам, ки яке занг зананду ман бехабар монам”, – гуфт Фарзона Облоқулова.

Дар ҳар мулоқот Хуршед Фозилов дору ва китоб дархост мекунад, ки оилааш бо ҳар роҳе онҳоро харида, ба зиндон дастрас мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Фозилов бо модараш Азиза Нуъмонова

 

“Зиндагӣ куллан тағйир кард”

Фарзона Облоқулова гуфт, дар ин ду соли дар маҳбас будани Хуршед Фозилов зиндагиашон куллан тағйир кардааст. Ҳамсари Хуршед бинобар кӯдаки хурдсол доштан, то кунун дар ҷое кор намекунад ва модари Хуршед дар нафақа асту бемор ҳам шудааст.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов, дар адами фарзанд ба бемории асаб гирифтор шудааст ва муддате дар Душанбе, Хуҷанд ва ҳатто Самарқанд табобат гирифтааст.

Ӯ субҳи имрӯз, 26-уми май ба "Азия-Плюс" гуфт, ки “фарзандони Хуршед ҳар рӯз мепурсанд, ки падарам кай бармегардад ва ман, ки ба ин савол ҷавоб надорам, ғам мехурам, ба фикр меравам ва ин вазъ аз нигоҳи рӯҳӣ маро азоб медиҳад”.

“Кош ба саволи бачаҳо ҷавоб медоштам. Гуфта наметавонам, ки падарашон дар куҷо аст. Қариб 2,5 сол боз бачаҳо Хуршедро надидаанд. Гоҳ-гоҳ бо телефон бо ӯ гап мезананд ва хумори дидори падар дучанд мешавад. Бо ин вазъ чӣ хел ман ғам нахурам?”, – афзуд Азиза Нуъмонова.

Ҳамсари Хуршед ҳам гуфт, ки “дар назди фарзандон худро ба даст мегирам, вале дарун-дарун месӯзам”.

“Зиндагиамон сахт шуд. Ҳама чизе, ки бачаҳо мехоҳанд, харида наметавонем. Шароит он гунае нест, ки дар замони будани Хуршед доштем. То ҳол умед дорем, ки рӯзе Хуршед озод мешавад, назди фарзандонаш бармегардад ва зиндагӣ маҷрои пешинаашро мегирад”, – бо умед иброз дошт Фарзона Облоқулова.

Оилаи Фозилов қариб даҳ тан аст ва ҳамаи онҳоро ҳоло додари Хуршед, ки муаллим асту маоши баланд ҳам надорад, мехӯронаду мепӯшонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарзона Облоқулова бо фарзандаш

 

Чаро Хуршед Фозилов боздошт ва зиндонӣ шуд?

Хуршед Фозилов моҳи марти соли 2023 боздошт шуд. Ӯро мақомот барои “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет” (моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятӣ) муттаҳам донист.

Бо ин ҷурм, рӯзи 26-уми майи соли 2023 Додгоҳи шаҳри Панҷакент Хуршед Фозиловро 7 сол равонаи зиндон кард. Худи рӯзноманигор иттиҳомро рад кард.

Наздикон, худи Фозилов ва созмонҳои байналмилалии дифоъ ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, аз мақомот талаб карданд, ӯро раҳо кунад. Талабе, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон нодида гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Хуршед Фозилов рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ 40-сола мешавад. Ӯ аз рӯи ихтисос ҳавошинос аст ва то боздошт дар пойгоҳи ҳавосанҷии Панҷакент ҳам кор мекард. Дар баробари ин, ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул буд ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...