ТИКА барои табибони тоҷик барномаи омӯзишии ташхиси фаросавтии дил дар тибби таъҷилӣ баргузор кард

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мутахассисони тибби таъҷилии Туркия (ATUDER) бо мизбонии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-22-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, барномаи омӯзишӣ ташкил намуд. Дар ин омӯзиш, ки аввалин барномаи фарогири байналмилалӣ дар соҳаи тибби таъҷилӣ дар Тоҷикистон […]

Варақаи иттилоотӣ

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мутахассисони тибби таъҷилии Туркия (ATUDER) бо мизбонии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-22-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, барномаи омӯзишӣ ташкил намуд. Дар ин омӯзиш, ки аввалин барномаи фарогири байналмилалӣ дар соҳаи тибби таъҷилӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ба 70 нафар табибон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ оиди ташхиси фаросавтии дил (ФОКУС) омӯзиши назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.

Дар доираи барнома ба иштирокчиён дар бораи физикаи ултрасадо, усулҳои асосӣ ва пешрафтаи муоинаи ултрасадои дил (FOCUS), протоколҳои BLUE (ултрасадои таъҷилии шуш дар ҳолати норасоии шадиди роҳи нафас) ва RUSH (ултрасадои таъҷилӣ дар ҳолати шок), усулҳои муоина дар раванди эҳё ва протоколҳои мудохила дар назди бистари бемор маълумот дода шуд. Омӯзиш инчунин аз ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳ ба аҳамияти мудохилаи сареъ ва дуруст ҳангоми боздошти ногаҳонии дил, ки махсусан дар давраи пас аз COVID-19 афзоиш ёфтааст, муҳим аст.

 

Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо, ки дар фарҷоми барнома баргузор гардид, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷиёнхон Муҳаббатзода, сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар, мураббиёни Ассотсиатсияи мутахассисони тибби таъҷилии Туркия (ATUDER) бо роҳбарии президенти ассотсиатсия профессор Башар Ҷандер ва ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал ширкат варзиданд.

Дар маросими супурдани шаҳодатнома, президенти ATUDER профессор Башар Ҷандер чунин иброз намуд: "Тибби муосири таъҷилиро дигар бидуни дониши ултрасадои назди бистар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин усулҳо дар ҳолатҳои фавқулодда нақши наҷотбахш доранд".

 

Сафир Умут Аҷар низ аз ташаббусҳои ТИКА дар самти табодули дониш ва таҷрибаи Туркия дар соҳаи тандурустӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки чунин барномаҳо минбаъд низ афзоиш хоҳанд ёфт.

Ин барномаи омӯзишӣ як қадами муҳим дар самти беҳбуди сифати хизматрасонии тиббии таъҷилӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.