Борон, чангу ғубор ва сел. Ҳавои охири моҳи май дар Тоҷикистон

Аз 27 то 29-уми май якбора бадшавии ҳаво дар Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар доданд. Обуҳавошиносон аз боронҳои кӯтоҳмуддати пуршиддат бо раъду барқ дар кӯҳу доманакӯҳҳо, инчунин тӯфони чангу ғубор дар водиҳо огоҳ мекунанд. Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи […]

Аз 27 то 29-уми май якбора бадшавии ҳаво дар Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар доданд.

Обуҳавошиносон аз боронҳои кӯтоҳмуддати пуршиддат бо раъду барқ дар кӯҳу доманакӯҳҳо, инчунин тӯфони чангу ғубор дар водиҳо огоҳ мекунанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби боришоти пуршиддат дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби ВМКБ омадани селҳо пешгӯӣ мешавад.

 

Вазъи ҳаво дар минтақаҳо

Дар вилояти Хатлон ин ҳафта ба сурати умум ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст. Рӯзи 28-уми май шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат рӯзона то 33 дараҷа гарм мешавад. Лекин рӯзи 29-уми май суръати шамол аз самти ҷанубу ғарб то 15 м/с пурзӯр шуда метавонад ба тӯфони чангу ғубор боис гардад.

Дар вилояти Суғд низ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо то 29 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ салқин боқӣ мемонад: то 13-18 дараҷа гарм. Суръати шамол баъзан метавонад то 15 м/с пурзӯр шавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот шаби 28-уми май имкон дорад. Сипас обуҳаво устувор шуда, лекин дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ боқӣ мемонад. Ҳарорат рӯзона то 29 дараҷа ва шабона – то 23 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби минтақа боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар шарқ – ҳавои хушк, вале хунук пешбинӣ шудааст: шабона ҳарорат метавонад то 3 дараҷа хунукӣ поин равад.

Обуҳавошиносоон аз сокинони минтақаҳои кӯҳӣ дархост намудаанд, ки эҳтиёткор буда, аз наздик будан ба соҳили дарёҳо ва теппаҳои ярчфаро худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.