Шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар роҳ ба Русия ҳалок шуданд, дар зодгоҳашон ба хок супориданд

Asia-Plus

Дирӯз, 25-уми май ҷасади шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар роҳ ба самти Русия дар қаламрави Қазоқистон дар пайи садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буданд, дар зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён ба хок супориданд.

Ҷасадҳои онҳо тақрибан соати 6-и субҳи 25-уми май ба ноҳияи Қубодиён расида, баъди адои ҷаноза 5 нафари онҳоро соати 9 ва як нафари дигарро соати 10 дар қабристон дафн кардаанд. Панҷ нафари онҳоро дар оромгоҳи деҳаи Зиракӣ ва як каси дигарро дар қабристони деҳаи Фароғат ба хок супоридаанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 20-уми май дар натиҷаи бархӯрди мошини “Форд Транзит” бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “DAF” 6 шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 каси дигар ҷароҳат бардоштанд, ки вазъи саломатии ду нафари дигар вахим арзёбь мешавад.

Дар ин садама

Назрулло Боқиев, 24-сола;

Маҳмадюнус Аминзода, 33-сола;

Файзиддин Солеҳзода, 35-сола;

Аҳтам Каримов, 36-сола;

Бахтигул Боқиева, 40-сола;

Юсуф Солеҳов, 67-сола, ки ҳама сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон буданд, ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои дастрас, ронандаи “Форд Транзит” дар ҷараёни тафтишот эътироф кардааст, ки садама бо гуноҳи ӯ рух додааст, зеро ӯро ҳангоми ронандагӣ хоб бурдааст.

Ҷасадҳои онҳоро рӯзи 22-юми май аз ҳисоби маблағи фонди Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карда шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қиммат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба воситаи нақлиёти заминӣ ба Русия сафар кунанд. Ин ҳодиса на аввалин маврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар масири роҳ ба сӯи Русия қурбони ҳодисаҳои фоҷиабор мегарданд.

Аз Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар панҷ моҳи соли 2025, бо шумули 6 фавтидаи охир, 36 тан муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Қазоқистон ба ҳалокат расида, ҷасадашон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ба иттилои ин Марказ, дар соли 2024 ҷасади 60 муҳоҷири тоҷик аз қаламрави Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...