Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Будапешт киҳо намояндагӣ мекунанд?

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ҳайати дастаро барои иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 13 то 20-уми июн дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад, эълон кард. Тавре ки IJF хабар медиҳад, дар бузургтарин мусобиқаи соли равон Тоҷикистонро 9 ҷудокори тоҷик намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар вазнҳои мухталиф ҷиҳати дарёфти медалҳо ва имтиёзҳо дар радабандӣ дар мавсими олимпӣ рақобат хоҳанд кард. […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ҳайати дастаро барои иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 13 то 20-уми июн дар шаҳри Будапешт баргузор мегардад, эълон кард. Тавре ки IJF хабар медиҳад, дар бузургтарин мусобиқаи соли равон Тоҷикистонро 9 ҷудокори тоҷик намояндагӣ мекунанд.

Онҳо дар вазнҳои мухталиф ҷиҳати дарёфти медалҳо ва имтиёзҳо дар радабандӣ дар мавсими олимпӣ рақобат хоҳанд кард.

 

Ҳайати даста аз киҳо иборат аст?

Дар вазни 60 кг Тоҷикистонро Меҳрзод Сӯфиев намояндагӣ мекунад. Ӯ яке аз ҷудокорони ҷавони ояндадор ба ҳисоб рафта, дар толорҳои байнулмилалӣ устуворона рақобат мекунад ва ба қадами минбаъда дар сатҳи ҷаҳонӣ омода аст.

Дар вазни 66 кг аз Тоҷикистон ду нафар – Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов ҳунарнамоӣ мекунанд. Эмомалӣ Нуралӣ соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон зинаи 5-умро касб карда, Обид Ҷебов бо нишон додани техникаи хуб ба пешрафташ идома медиҳад.

Дар вазни 73 кг аз Тоҷикистон Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров рақобат мекунанд. Таҷрибаи Беҳрӯз Хоҷазода дар якҷоягӣ бо ҷасорати Абубакр Шеров метавонад натиҷаҳои ғайричашмдошт ба бор орад.

Умеди асосии даста — Сомон Маҳмадбеков (81 кг) аст. Ӯ аллакай соҳиби медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии соли 2024 ва унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон аст. Сомон Маҳмадбеков пайваста дар зумраи пурқувваттаринҳо дар вазни худ қарор дошта, ба мубориза ҷиҳати дарёфти медал омода аст.

Дар категорияи вазни 100 кг низ Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов зикр шудаанд, ки ҳарду ҳам дорои ҳолати ҷисмонии хуб ва дар рақобатҳо чолоканд.

Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кг рақобат мекунад. Ӯ дорандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии соли 2021, яке аз пешсафони на танҳо тими мунтахаб, балки тамои мактаби гаронвазнҳои қораи Осиё аст.

 

Интизориҳо аз мусобиқоти Будапешт

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои соли равон дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) иштироки 493 куштигир аз 85 кишвар дар назар аст. Барои мунтахаби Тоҷикистон ин на танҳо як имкони дарёфти имтиёзҳо, балки нишон додани омода будани кишвар ба рақобати баробар бо дастаҳои пешсафи ҷаҳон аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Абу-Забӣ низ Тоҷикистонро 9 нафар намояндагӣ карда, даста ба дарёфти 1 медали биринҷӣ ноил гардид. Онро Сомон Маҳмадбеков (вазни 81 кг) ба даст оварда, Эмомалӣ Нуралӣ (вазни 66 кг) зинаи панҷумро касб кард.

Дар Маҷористон тими Тоҷикистон ба такрори натиҷа ё шояд зиёдтар аз онро умедвор аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.