Ҳарифони мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2025 маълум шуданд.

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 3 то 27 ноябри соли 2025 дар Қатар доир мегардад, дар гурӯҳи I бозӣ мекунад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ, ки рӯзи 25 май дар Давҳа баргузор шуд, наврасони тоҷик ҳамроҳ бо тимҳои миллии ИМА, Буркина-Фасо ва Чехия дар гурӯҳи “I” қарор гирифтанд.

Ҳаққи иштирок дар ин мусобиқаро мунтахаби наврасони Тоҷикистон пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар Ҷоми Осиё U-17 – 2025, ки дар Арабистони Саудӣ доир гардид, ба даст овард.

Таҳти раҳбари мураббӣ аз Италия Марко Раҷини а Тоҷикистон дар гурӯҳи D (6 хол) ба дарёфти зинаи якум ноил гардида, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин нишондиҳанда ба иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон имкон дод.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаблан 2 маротиба – солҳои 2007 ва 2019 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида буд.

Ин мусобиқоти қаҳрамонин ҷаҳон аввалин мусобиқа дар таърих хоҳад буд, ки дар он 48 даста иштирок мекунанд. Ин 48 даста ба 12 гурӯҳ – аз A то L тақсим мешаванд. Афзоиши шумори дастаҳо барои бисёре аз тимҳо роҳ ба арсаи байнулмилалиро боз мекунад. Аз 12 гурӯҳ дастаҳои зинаи якум ва дуюм, инчунин, 8 дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.    

Гурӯҳҳои мусобиқот:

Гурӯҳи A: Қатар, Италия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Боливия

Гурӯҳи B: Ҷопон, Марокаш, Каледонияи Нав, Португалия

Гурӯҳи C: Сенегал, Хорватия, Коста-Рика, Амороти Муттаҳидаи Араб

Гурӯҳи D: Аргентина, Белгия, Тунис, Фиҷи

Гурӯҳи E: Англия, Венесуэла, Гаити, Миср

Гурӯҳи F: Мексика, Корея, Кот-д’Ивуар, Швейтсария

Гурӯҳи G: Олмон, Колумбия, Кореяи Шимолӣ, Эл-Сальвадор

Гурӯҳи H: Бразилия, Гондурас, Индонезия, Замбия

Гурӯҳи I: ИМА, Буркина-Фасо, Чехия, ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи J: Парагвай, Ӯзбекистон, Панама, Ирландия

Гурӯҳи K: Фаронса, Чили, Канада, Уганда

Гурӯҳи L: Мали, Зеландияи Нав, Австрия, Арабистони Саудӣ

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...