Талафоти барқ дар кадом шаҳру навоҳии кишвар аз ҳама зиёдтар аст?

Соли 2024 талафоти нерӯи барқ 4,5 млрд киловатт-соат ё худ 20% ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1,3 млрд киловатт-соат ё худ 20,5%-ро ташкил дод. Дар ин бора рӯзи 17-уми май Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни семинар-машварате дар ноҳияи Данғара хабар дод. Талафоти нерӯи барқ дар шаҳру навоҳии кишвар дар семоҳаи аввали соли равон чунин […]

Соли 2024 талафоти нерӯи барқ 4,5 млрд киловатт-соат ё худ 20% ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1,3 млрд киловатт-соат ё худ 20,5%-ро ташкил дод. Дар ин бора рӯзи 17-уми май Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни семинар-машварате дар ноҳияи Данғара хабар дод.

Талафоти нерӯи барқ дар шаҳру навоҳии кишвар дар семоҳаи аввали соли равон чунин аст:

Тавре Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ғайр аз ин, ҷамъоварии пули истифодаи барқ 83,5%, аз ҷумла 89,9% аз аҳолиро ташкил додааст, ки ғайриқаноатбахш аст.

Ӯ хотирррасон кард, ки барои пешгирии нақзи қонунгузорӣ дар низоми энергетикии кишвар, роҳандозии назорати қатъӣ аз болои истифода нерӯи барқ ва пурра бартараф сохтани талафоти барқ дар кишвар Агентии назорати давлатии энергетикӣ таъсис ёфта, дар қонунгузорӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ шуд.

Сарвари давлат ба ҳамаи сохторҳои марбута дастур дод, ки ба ҳар як оилаи кишвар мазмуну муҳтавои муқаррароти нави қонунгузорӣ ҳамаҷониба ва мушаххас шарҳу тавзеҳ дода шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.