Чӣ гуна навраси тоҷик соҳиби идрорпулии байналмилалии DAAD ва 56 ҳазор евро шуд? Саргузашти хонандаи синфи 11Хусрав Бобоҷонов

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Хусрав Бобоҷонов, хонандаи синфи 11-и гимназияи ба номи Ё.В. Гётеи шаҳри Хуҷанд, соҳиби идрорпулии байналмилалии DAAD ва 56 ҳазор Евро шуд. Ӯ ҳамагӣ 16 сол дошта, чор забонро хуб медонад. “Азия-Плюс” атрофи роҳи пешгирифта ва нақшаҳои ояндааш бо Хусрав Бобоҷонов гуфтугӯ кард.

Хусрав Бобоҷонов моҳи майи соли 2025 дар байни 328 довталаб аз 110 мамлакати ҷаҳон ин муваффақиятро ба даст овард ва бо ин дастовард ба Институти технологии Карлсруҳе (KIT)-и Олмон дохил шуд. KIT яке аз донишгоҳҳои пешбари техникӣ ва маркази миллии тадқиқотии Олмон мебошад.

Идрорпулии DAAD – хадамоти мубодилаи донишҷӯён – асосан ба донишҷӯён баъди хатми курси 2 ва магистрантҳо дода мешавад. Вале ҳамчун истисно, хонандагони гимназияи ба номи Ё.В. Гёте баъди хатми гимназия имконияти гирифтани Дипломи стандарти байналмилалии DSD II оиди донистани забони олмониро доранд, ки ба онҳо имконияти иштирок дар ин идрорпулиро медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ маъмурияти гимназия 3 нафар довталаби бартари худро пешниҳод намуд: Асророва Шукрона, Бобоҷонов Хусрав ва Холиқов Аҳадҷон. Ҳамаи онҳо аз ҳамаи фанҳо дониши аъло дошта, ғолибони озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ будаанд.

Комиссияи босалоҳияти "Барномаи идрорпулии DAAD барои мактабҳои хориҷие, ки забони олмонӣ меомӯзанд" онҳоро баррасӣ кард. Дар имтиҳон Хусрав бо нишон додани дониши баланд ва забондонии хуб тавонист аз миёни ҳамаи довталабон ғолиби идрорпулӣ гардад.

 

Тибқи талабот, маблағи 56 ҳазор евро ба ҳисоби Coracle Bank-и Олмон гузаронида мешавад ва минбаъд ҳар моҳ ба ҳисоби Хусрав 1000 евро мегузаронанд.

Хусрав Бобоҷонов донандаи хуби фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир ва соҳаи IT мебошад. Ӯ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, дар муҳити созгор барои омӯзиш ва рушд ба камол расидааст.

Волидони Хусрав барои забономӯзии фарзандон тамоми шароитро фароҳам кардаанд ва падараш низ ҳуқуқшинос буда, пайваста ҳар се фарзандонашро ба роҳи илм ҳидоят мекардааст.

Ӯ сарчашмаи мароқ доштанаш ба омӯзиши фанҳои дақиқро якум аз шавқ, дуюм аз пайравӣ ба бобокалонаш Бобоҷон Назарзода, ки донандаи хуби фанҳои дақиқ буд, вобаста медонад.

"Аз 5-6 солагӣ ба омӯхтани фанҳо оғоз карда будам," – ёдовар мешавад Хусрав.

Хусрав Бобоҷонов зодаи шаҳри Хуҷанд буда, соли 2014 қадамҳои нахустини худро ба боргоҳи илму маърифати гимназияи ба номи Ё.В. Гётеи шаҳри Хуҷанд гузошта, бо дониши аъло, интизоми намунавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ соҳибэҳтиром гардидааст.

 

Ӯ 16 сола дошта, аллакай ба муваффақиятҳои зиёде ноил гаштааст:

Соли 2022 дар Олимпиадаи шаҳрии фанҳои табиӣ-риёзӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни технологияи иттилоотӣ бо Дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардид.

Ҳамон сол ҳамчунин дар Олимпиадаи байналмилалии забони олмонӣ (IDO – Internationale Deutscholympiade) иштирок намуда, сазовори ҷойи 2 шуд.

Соли 2023 бошад, дар тренинги "Маҳоратҳои асосии компютерӣ"-и лоиҳаи "Дастгирии трансформатсияи рақамӣ дар Тоҷикистон"-и Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори Диплом ва мукофотпулӣ гашт.

Идрорпулии 56 ҳазор Евро ягона дастовари имсолаи Хусрав нест. 14-уми май дар Сафорати Олмон дар Душанбе аз тарафи худи сафир Йорк Шуграф ба ӯ ва ҳамсинфонаш Дипломи стандарти байналмилалӣ супорида шуд.

“Дар моҳи марти имсол грантеро, ки 7 ҳазор долларро ташкил медод, соҳиб шудам ва аз ҳисоби он 22-уми июн ба лагери тобистонаи Олмон барои 2,5 ҳафта меравам”, – мегӯяд Хусрав.

Хусрав баробари забондонӣ ва донандаи илмҳои дақиқ буданаш дар бозии шоҳмат низ маҳир буда, ба варзиш низ машғул мешавад.

“Ният дорам баъди таҳсил дар донишгоҳ муҳандис ва барномасози касбӣ шуда, ба Ватан баргардам ва дар Тоҷикистон тиҷорати соҳаи IT-ро ба роҳ монам”, – орзуҳои худро нақл мекунад Хусрав.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни соли таҳсили 2024-2025, бо таъкиди  Ханна Бруст-Шеллер, роҳбари шуъбаи макотибҳои хориҷии DAAD, 328 ариза аз тамоми ҷаҳон пешниҳод шуда, ба 90 нафар хатмкунандагон идрорпулии DAAD  ҷудо карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...