Сарфи назар аз афзоиши истеҳсол, нархи сабзавоту мева дар Тоҷикистон боло рафт

Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2025 болоравии нарх ба гурӯҳи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар ҳисоботи Агентии омори ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои чор моҳ маълумот дода мешавад. Аз ҳама бештар сабзавот қимат шуд – ба ҳисоби миёна 24,7%. Ба ин тариқ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта карам ва […]

Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2025 болоравии нарх ба гурӯҳи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар ҳисоботи Агентии омори ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои чор моҳ маълумот дода мешавад.

Аз ҳама бештар сабзавот қимат шуд – ба ҳисоби миёна 24,7%.

Ба ин тариқ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта карам ва сабзӣ 1,6 баробар, картошка – 12,2% ва пиёз – 9,7% гарон шуданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми истеҳсоли сабзавот афзудааст. Аз оғози сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 146,2 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, аз ҷумла:

– 765 тонна картошка (2,3% зиёдтар нисбат ба соли 2024),

– 109 283 тонна пиёз (афзоиш – 26,5%).

Ҳамчунин гароншавии мева ба ҳисоби миёна 14% ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли мева 16,3% афзуда, ба 1122 тонна расидааст.

Дигар маҳсулот низ гарон шуд

Болоравии нарх ба дигар навъи маҳсулоти хӯрокворӣ низ дахл кард:

– равған ва чарбу – ба ҳисоби миёна 3,8%;

– равғани офтобпараст – 4,5%;

– равғани пахта – 3,9%;

– маҳсулоти гӯштӣ – 1,6%;

– гӯшти гӯсфанд – +6,5%;

– гӯшти гов – +1,1%;

– нӯшокиҳои ғайримашруботӣ – 0,7%.

Чиҳо арзон шуданд?

Нархи баъзе маҳсулот баръакс, поин рафт:

– орд – 6,4%;

– гӯшти мурғ – 1,8%;

– биринҷ– 1%;

– шакар (қанд) – 1,1%.

Дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 шохис (индекс)-и нархҳои истеъмолӣ 101,8%-ро ташкил дод, аз ҷумла:

– ба маҳсулоти озуқаворӣ – 102,5%;

– ба маҳсулоти ғайриозуқа – 104%;

– ба хидматрасонии пулакӣ – 103,6%.

Нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа асосан аз ҳисоби техникаи маишӣ – +0,5% боло рафтанд.

Дар ҳаимн ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 5,1% арзон шуданд, аз ҷумла:

– гази моеъ – 5,9%;

– сӯзишвории дизелӣ – 6,4%;

– бензин – 3,7%.

Болоравии таърифаҳо ба хидматрасонӣ

Аз оғози сол нархи хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 3,6% боло рафтанд, аз ҷумла:

– хидматрасониҳои коммуналӣ – 7,1%;

– соҳаи маориф – 15%;

– хидматрасониҳои таъмири хона – 15%;

– нақлиёт – 1,3%;

– хидматрасониҳои маишӣ – 1%.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.