Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2023 бештар аз ҳар вақти дигар пиряхҳо об шуданд

Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар Конфронси якуми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо субҳи имрӯз зикр кардааст. Ба гуфтаи ӯ, вазъи имрӯзаи […]

Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид.

Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар Конфронси якуми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо субҳи имрӯз зикр кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи имрӯзаи пиряхҳо ниёз ба таҳқиқоти дақиқи илмӣ дорад ва барои мисол, омӯзиши намунаи ях аз пиряхи Ванҷях (Федченко) метавонад таърихи ҳазорсолаҳои иқлимро ошкор кунад.

“Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад”, – изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ, инчунин, эълон кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст барномаи махсусе барои ҳифзи гуногунии табиии Боғи миллии Тоҷикистон, ки бештари пиряхҳои кишвар дар он ҷойгиранд, роҳандозӣ кунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон иқдомоти фаврӣ ва амалҳои кардани раванди обшавии пиряхҳоро номбар карда, пешниҳод намудааст, ки Стратегияи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ таҳия карда шавад.

“Тоҷикистон ин ташаббусро дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид матраҳ хоҳад кард ва аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал меоварад, ки аз ин иқдом пуштибонӣ кунанд”, – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, дар Душанбе Конфронси байналмилалии оид ба ҳифзи пиряхҳо идома дорад ва дар назар аст, то 31 май давом меёбад. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳамоиши Душанбе беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвари аъзои Созмони Милал ва 70 созмони байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Дар миёни онҳо – нахуствазирони чанд кишвар ва ноибони президентҳо ҳам мебошанд. Интизор меравад дар поёни ин ҳамоиш Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо қабул шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.