Ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон: гармии аз меъёр зиёд ва тӯфонҳои чангу ғубор

Моҳи июни соли 2025 ба Тоҷикистон ҳавои гарми ҳақиқии тобистона меояд. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, қариб дар саросари қаламрави кишвар ҳавои то 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар як қатор ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани тӯфону чангу ғубор аз эҳтимол дур нест. Душанбе, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи июни соли 2025 ба Тоҷикистон ҳавои гарми ҳақиқии тобистона меояд. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, қариб дар саросари қаламрави кишвар ҳавои то 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар як қатор ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани тӯфону чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.

Душанбе, Хатлон ва водиҳои НТМ: гармии аз меъёр зиёд ва чангу ғубор

Дар пойтахти кишвар, вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳарорати миёнаи моҳона 26-32 дараҷа гармро ташкил хоҳад дод, ки 1-2 дараҷа баландтар аз нишондиҳандаи маъмулӣ аст.

Рӯзона ҳаво хеле гарм – то 42 дараҷа ва дар ҷанбуи ҷумҳурӣ баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати 15 то 27 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ҳаво каме салқинтар мешавад: рӯзона то 36 дараҷа ва шабона – аз 14 то 27 дараҷа гарм.

Боришоти начандон зиёд дар назар аст, аммо баъзан миқдори он метавонад аз меъёр зиёд бошад:

Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ – аз 10 то 20 миллиметр;

Хатлон — аз 1 то 12 миллиметр;

Доманакӯҳ — то 22 миллиметр.

Ҳамчунин боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва пурзӯр шудани суръати шамол аз самти ғарб то 22 метр дар як сония дар назар аст. Дар ин рӯзҳо тӯфони чангу ғубор низ имкон дорад.

Вилояти Суғд: гармӣ бо раъду барқ

Дар вилояти Суғд моҳи гарм пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо 26-29 ва дар кӯҳҳо 13-18 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорат то 15 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – то 5 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Рӯзона дар водиҳо то 40 ва кӯҳҳо то 30 дараҷа гарм мешавад.

Боришоти аз меъёр кам дар назар буда, лекин дар кӯҳҳо боришоти пуршиддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин обуҳавошиносон аз шамолҳои сахти то 22 метр дар як сония огоҳ мекунанд.

Кӯҳҳои НТМ ва ғарби ВМКБ: рӯзона гарм ва шабона салқин

Дар ин ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳона 17-22 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорати шабона — аз 7 то 17, рӯзона — аз 21 то 32 дараҷа гарм. Дар рӯзҳои ҷудогона ҳарорат метавонад то 36 дараҷа гарм шавад.

Боришот дар ҳудуди меъёр пешбинӣ шудааст:

– дар кӯҳҳои НТМ — то  55 миллиметр;

– дар ғарби ВМКБ — то 20 миллиметр.

Ҳамчунин раъду барқ ва шамолҳои пуршиддати то 22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

Шарқи ВМКБ: шабона хунук ва рӯзона салқин

Ҳавои аз ҳама сард мисли пешина дар шарқи ВМКБ пешгӯӣ мешавад: ҳарорати миёнаи моҳона 6-10 дараҷа гарм.

Шабона – аз 3 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм, рӯзона – аз 7 то 18 дараҷа гарм. Дар рӯзҳои ҷудогона ҳарорат метавонад то 22 дараҷа гарм шавад.

Боришот дар ҳудуди меъёр – аз 8 то 16 миллиметр ва баъзан баландтар пешбинӣ мешавад.

Аз боришоти пуршиддат ва суръати шамол то 20 метр дар як сония, бӯронҳо ва бад шудани сатҳи биноӣ огоҳӣ дода мешавад.

…Ба ин тариқ, моҳи июн дар Тоҷикистон ҳавои гармӣ ҳақиқи тобистона пешгӯӣ шудааст, бахусус дар водиҳо ва ноҳияҳои ҷануб. Аммо обуҳавошиносон аз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва тӯфонҳои чангу ғубор дар рӯзҳои ҷудогона огоҳ мекунанд.

Ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсия дода шудааст, ки дар давраҳои гармии беҳад зиёд ва пурзӯр шудани суръати вазидани шамол эҳтиёткор бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.