Қамчибек Тошиев гуфт, 25 км сарҳад бо Тоҷикистонро симхор кашидаанд

Asia-Plus

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва ҳамраиси ҳайати Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтааст, насби симхор дар хати марз бо Тоҷикистон дар масофаи 25 км ба поён расидааст ва агар ба корҳо суръати бештар бахшида шавад, то охири сол ба анҷом мерасад.

Навори суҳбати ӯро сомонаи "Govori.tv" бо забони қирғизӣ нашр кардааст.

“Агар суръатро бештар кунем, умедворам, ки то охири сол корро анҷом медиҳем. Агар фурсат нарасад, пас то баҳор анҷом хоҳад ёфт”, – гуфтааст Қамчибек Ташиев.

Вай гуфтааст, ки барои симхоркашӣ беш аз 200 нафар ва чанд техникаи махсус ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал насби симхор дар 420 километри хати марз ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои номбурда, дарозии умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 км аст.

Қаблан, охири моҳи апрели соли ҷорӣ расонаҳои ин кишвар аз оғози симхоркашӣ дар хати марз хабар дода, гуфта буданд, Қирғизистон нақша дорад, ки то охири соли 2025-ум 420 километри сарҳади худро бо симхор маҳкам кунад.

Ба навиштаи манбаъ, насби симхорҳо дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи Қошмоло аз ҷамоати деҳоти Торт-Гули Боткенд оғоз шуда буд.

“Маросими оғози корҳо дар нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо – сутуни (стелаи) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба таври онлайн иштирок кард”, – навишта буд манбаъ.

Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳи расмӣ надодааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо дар масъалаи сарҳад ба созиш расиданд.

Рӯзи 13-уми марти соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...