Имсол беш аз 300 ҳазор кӯдаку наврас дар “лагер”-ҳо истироҳат мекунанд

Аз 12-уми июн мавсими истироҳати тобистона барои кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар доираи он, зиёда аз 303 ҳазор кӯдаку наврас дар 3 ҳазору 740 истироҳатгоҳ (лагерҳо) ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.  Ба гуфтаи манбаъ, имсол кӯдакон дар 28 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1637 мактабӣ, 527 […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 12-уми июн мавсими истироҳати тобистона барои кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар доираи он, зиёда аз 303 ҳазор кӯдаку наврас дар 3 ҳазору 740 истироҳатгоҳ (лагерҳо) ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. 

Ба гуфтаи манбаъ, имсол кӯдакон дар 28 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1637 мактабӣ, 527 солмигардониву варзишӣ, 392 солимгардониву меҳнатӣ, 759 таълимиву фароғатӣ ва 377 осоишгоҳҳо истироҳат мекунанд.

Зиёда аз 303 ҳазор кӯдаку наврас, аз ҷумла кӯдакони ятим, ғолибони олимпиадаву озмунҳо, инчунин, кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат ва имконияташон маҳдуд ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.

“Ба ҷалби истироҳати тобистонаи кӯдакони ятим ва ғолибони олимпиадаву озмунҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Имсол масалан, 709 кӯдакони ятим, 4391 – нимятим, инчунин 39 ҳазору 907 ғолибони олимпиада ба истироҳатгоҳҳо равон мешаванд”, – гуфтанд дар Марказ.

Басти аввали мавсими тобисон 12 июн оғоз гардида, 12 рӯз давом мекунад. Осоишгоҳҳо дар 1-4 баст кор карда, барои кӯдакону наврасон чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ ва фароғатӣ, кори маҳфилҳои забони хориҷӣ, компютер ва фанҳои дақиқ роҳандозӣ мешаванд.

Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар фаъол хоҳанд буд:

– дар ВМКБ – 5-то;

– дар вилояти Суғд – 10-то;

– дар вилояти Хатлон – 4-то;

– дар Душанбе – 2-то;

– дар шаҳру навоҳии тобеи марказ – 7-то.

Қаблан Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилиТоҷикистон дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявии "Тобистон-2025" бо роҳбарону мудирони истироҳатгоҳҳо хабар дод, ки барои таъмини истироҳати босифат ҳудуди 5000 истироҳатгоҳҳо (томактабӣ, варзишӣ, дармонӣ, солимгардонӣ ва меҳнатӣ) ба корҳои омодагӣ ба мавсими тобистон оғоз карданд. Дар онҳо зиёда аз 250 ҳазор кӯдакону наврасон метавонанд истироҳати тобистонаи худро гузаронанд.

Дар ин пайванд дар бораи маконҳои истироҳати имсола барои кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон маълумоти гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.