Ҳамоиши 700-солагии Ҳофиз дар ЮНЕСКО. Тоҷикистонро дар он киҳо муаррифӣ мекунанд?

Як қатор ҳунармандону олимон аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалӣ “700 сол бо Ҳофиз”, ки имрӯз, 11-уми июн дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Порис ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоир ва файласуфи тоҷику форс оғоз гардид, ширкат мекунанд. Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш “Шоми шашмақом” доир мегардад, ки дар он ансамбли […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Як қатор ҳунармандону олимон аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалӣ “700 сол бо Ҳофиз”, ки имрӯз, 11-уми июн дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Порис ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоир ва файласуфи тоҷику форс оғоз гардид, ширкат мекунанд.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш “Шоми шашмақом” доир мегардад, ки дар он ансамбли давлатии  “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти роҳбарии Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии “Гулрез” иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷашнвора, ҳамчунин, Ситораи Кароматулло, Шоҳрух Юнусов ва Фирдавс Ҳошимов, овозхонҳои тоҷик якҷо бо оркестри Пориси Шарқӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин конфронси илмӣ низ доир мегардад, ки олимони тоҷик низ ширкату суханронӣ мекунанд. Аммо дақиқ нагуфтанд, ки кадом олимон аз Тоҷикистон дар конфронс ширкат мекунанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки дар доираи конфронс гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон низ ташкил гардида, китобҳои Ҳофиз, инчунин маҳсули ҳунарҳои мардумии тоҷик ба намоиш гузошта шавад.

Зимнан, Вазорати фарҳанги кишвар дар саҳифаи фейсбуки худ аз ҷараёни омодагӣ ба ҷашнвора аксҳо нашр кардааст ва дида мешавад, ки Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар ва масъулин ба оғози ҷашнвора омодагӣ мегиранд.

Бояд гуфт, ҷашнвораи “700 сол бо Ҳофиз” дар Қароргоҳи Юнеско дар Фаронса – шаҳри Порис то 14-уми июн давом мекунад. Дар конфронси илмии байналмилалӣ, ки дар доираи ин ҷашнвора ба нақша гирифта шудааст, олимону ҳофизшиносон аз саросари ҷаҳон ширкат варзида, пиромуни эҷодиёт, ҳаёту фаъолият ва таъсири ашъори ӯ шарф мезананд.

Ҳофизи Шерозӣ – бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс 31 март (дар сарчашмаҳои дигар моҳи октябр)-и соли 1325 дар шаҳри Шероз (ҳудуди имрӯзаи Эрон) таваллуд шудааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад аст ва чун ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард, ба ӯ тахаллуси “Ҳофиз” дода буданд.

Ҳарчанд аз марги Ҳофизи Шерозӣ ҳудуди 700 сол гузаштааст, аммо имрӯз ҳам ном ва осори пурғановати ӯ ҷовидон аст. Ӯро дӯстдорони шеъри тоҷикӣ-форсӣ “Лисон-ул-ғайб”, яъне донандаи забони ғайб мегӯянд ва ба Ҳофиз эътиқоди зиёд доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.