Мусовии Тоҷикистон муқобили Филиппин. Мунтахаби кишвар чӣ имкон дорад?

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили Филиппин 2:2 мусовӣ кард. Ин рақобат дирӯз, 10-уми июн дар варзишгоҳи “Ню-Кларк-Сити”-и шаҳри Капаси Филиппин баргузор гардид.

Нахуст, дар дақиқаи 28-уми бозӣ футболбози филиппиӣ Бйорн Кристенсен ба дарвозаи Рустам Ятимов гол зада, ҳисобро боз кард. Вале баъди се дақиқа бо голи задаи футболбози  тоҷик  Эҳсони Панҷшанбе натиҷаи дидор баробар (1:1) шуд.

Футболбозони тоҷик нимаи якуми вохӯриро бо пешсафӣ ба поён расониданд. Зеро дар дақиқаи 42-юм баъди он ки футболбозони мизбон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро муқобили Эҳсони Панҷшанбе вайрон карданд, довари эронӣ Ҳасан Акрамӣ ба дарвозаи Филиппин ҷаримаи 11-метра ё худ “пеналтӣ” таъин крд. Ин ҳолатро Парвизҷон Умарбоев дуруст истифода бурда, голи дуюми футболбозони тоҷикро ба самар расонд.

Фииппиниҳо дар қисми дуюми бозӣ бештар фаъол шуда, дар дақиқаи 79-ум дарвозаи Тоҷикистонро бори дуюм рахна карда, натиҷаро баробар (2:2) карданд. Ин голро ҳам Бйорн Кристенсен зад.

Ҳамин тавр, ҳисоби бозӣ то охири дидор дигар тағйир наёфт ва дастаҳо 2:2 мусовӣ карданд. Баъди ин мусовӣ ҳарду даста соҳиби 4 имтиёзӣ шуда, Филиппин аз рӯи таносуби беҳтари голҳо дар ҷои аввал ва Тоҷикистон дар мавқеи дуюми ҷадвали гурӯҳи “А” қарор гирифт.

Баъди бозии дирӯза қисме аз коршиносон ва мухлисони футбол аз кори мураббии тими миллии кишвар Гела Шекиладзе интиқод карда, гуфтанд, дар ҷобаҷогузории бозингарон ва интихоби ҳайати даста “иштибоҳ” карда буд. Аммо бархе аз коршиносону ҳаводорон бо натиҷагирӣ аз бохтҳои зиёди мо аз Филиппин мусовии дирӯзаи футболбозони тоҷик дар сафар муқобили ин дастаро натиҷаи хуб арзёбӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқа як ҷо бо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ дар гурӯҳи “А” шомиланд. Бар асоси арзёбии коршиносон довталабони асосӣ барои баромадан ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 аз ин гурӯҳ Тоҷикистон ва Филиппин ҳастанд. 

Дастаҳо соли оянда дар даври охири гурӯҳӣ дар Душанбе боз рӯё рӯйи ҳам қарор хоҳанд гирифт. То ин дидор Тоҷикистон се бозии дигар, ду бозии муқобили Малдив ва як бози муқобили Тимори Шарқӣ доир мекунад.

Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр дар Душанбе муқобили Малдив хоҳад буд. Филиппин дар даври навбатӣ ба масофи Тимори Шарқӣ меравад.

Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳӣ Тимори Шарқӣ муқобили Малдив бо натиҷаи 1:0 пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби се имтиёз шуд:

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 24 мунтахаб дар 6 гурӯҳ иборат аз 4 дастаӣ ширкат мекунанд. Ҳар як тим дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад. Ғолибони ҳама гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли соли 2024 дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...