Ойниҳол Бобоназарова: “Ҳеҷ гоҳ принсипҳои худро нашикастам ва сиёҳеро сафед нагуфтам!”

Date:

Рӯзи 10-уми июн Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохта ва яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ мавлуди худро таҷлил кард ва 77-сола шуд. Мавсуф номзади сабтнашудаи интихоботи президентии Тоҷикистон, мушовири пешини Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва собиқ сарвари “Бунёди Сорос” дар Тоҷикистон аст.

Ӯ яке аз озодандешони фаъол дар давраи бозсозӣ буд ва солҳои 90-уми асри гузашта барои ба давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ табдил ёфтани Тоҷикистони нав истиқлолёфта талошҳои зиёд кардааст.

Бобоназарова нахустин ва дар ҳоли ҳозир ягона тоҷикест, ки барандаи Ҷоизаи байналмилалии “Зани шуҷоъ” шуд. Ин ҷоизаро соли 2014 ба ӯ Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама – раиси ҷумҳури собиқи Амрико тақдим кард.

Ҳоло мегӯяд, ки дар тӯли умр чандин курсии вазириро рад карда ва дар тамоми умр ришвае нагирифтааст. Бо ин вуҷуд, худро гунаҳкор эҳсос мекунад, зеро романтикӣ ояндаро орзу мекард: “Фикр мекардем, ки Ҳизби коммунист барҳам хӯрад, ҳама мушкилот ҳалли худро меёбад. Аммо ин хел нашуд…”.

Мо ба муносибати мавлудаш бо Ойниҳол Бобоназарова мусоҳиба оростем. Дар ин гуфтугӯ мавсуф перомуни демократия дар Тоҷикистон ва Амрико, шикастани низоми додгоҳӣ дар ИМА, бурду бохти Доналд Трамп ва Нурсултон Назарбоев, мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва фаъолияти имрӯзаву корномаи дирӯзааш ҳарф зад.

– Имрӯз чӣ ҳол доред ва солгарди умрро чӣ гуна истиқбол мегиред?

– Дар хона канори пайвандон ҳастам. Аз субҳ боз ба табрикам меоянд ва хонаам гулборон шудааст. Таҳниятҳо ва гулборон бароям рӯҳбахш аст. Худоро шукр мегӯям, ки ба ғайр аз фарзандону ақрабо, боз дӯстони шогирдоне дорам, ки  ҳам дар ғаму ҳам дар шодиҳо канорам ҳастанд.

Чанд сол пеш фарзандон гуфтанд, ки ба муносибати 50-солагии хонадоршавии мо “тӯйи тиллоӣ” баргузор мекунанд. Афсӯс, шавҳарам даргузаштанд ва ин ният ҷомаи амал напӯшид. Ҳарчанд худам ин гуна маросимро намехостам, вале имрӯз ба ёдам омад…

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ойниҳол Бобоназарова бо шавҳараш Ҷунайдхон Ибодов

“Муҳоҷират масъалаи сиёсӣ аст, на иқтисодӣ!”

– Вақтҳои охир бештар ба чӣ кор машғулед?

– Аслан, кори ман ба ҳуқуқи инсон иртибот мегирад. Бештар дар мавриди напардохтани алимент ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба ман занг мезананду маслиҳат мепурсанд. Ман ба онҳо роҳҳал нишон медиҳам ва агар тавонам, бо ҳар роҳе мушкилашонро бароварда мекунам.

– Дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ чӣ мепурсанд?

– Баъзе мардон ба муҳоҷират мераванд ва солҳо бе ному нишон мешаванд, зану фарзандонашонро хабар намегиранд, занг намезанад. Ё ҳатто бо баҳонаи муҳоҷират аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд. Занҳо занг мезананду роҳҳал мепурсанд, ман ҳам ба қадри тавон ёрӣ мерасонам. Ба додрасҳо, ки аксарашон шогирдонам ҳастанд, занг зада, масъаларо мефаҳмонам, ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон тамос мегирам.

– Асосан барои ҳалли мушкилот, ба вижа дар Русия, аз кадом роҳҳо истифода мебаред?

– Қаблан бо Гавҳар Ҷӯраева, фаъоли ҳуқуқи башар ва узви Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар чанд шаҳри бузурги ин кишвар гурӯҳҳои кории ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда будем. Ҳоло ҳам бо он вакилони дифоъ дар тамос ҳастам ва бархе мушкилотро тавассути онҳо дар Русия ҳал мекунам.

Дар Тоҷикистон бошад, бо Дилрабо Самадова, раиси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ба бисёр мушкилиҳо расидагӣ мекунем. Дар вазорату идораҳои давлатӣ, ба вижа дар додгоҳҳо шогирдони зиёд дорам, ки дар ҳалли мушкилот ёрӣ мерасонанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Ба ҷуз алимент, боз бо кадом мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ба Шумо муроҷиат мекунанд?

– Мушкили муҳоҷирати меҳнатӣ бисёр бузург аст. Дар Русия ҳам муҳоҷирон бо мушкилоти гуногун мувоҷеҳ ҳастанд. Як дафъа аз Русия занг зада, гуфтанд, ки бархе муҳоҷирони тоҷик, ба вижа занҳоро дар як қаҳвахона, ҳам азоби ҷисмонӣ ва ҳам азоби рӯҳӣ медиҳанд. Мо ба воситаи шиносҳо рейд ташкил кардем, саҳиби қаҳвахона ва дигар масъулинро боздошт карда, ба додгоҳ кашидем, маблағи кори тоҷиконро ҳам рӯёнидем.

Аслан муҳоҷират масъалаи сиёсӣ аст. Ҳатто масъалаи иқтисодӣ ҳам нест. Он бояд дар сати роҳбарони кишварҳо баррасӣ шавад ва ҳалли пурраи худро ёбад. Ман пештар фаъол будам, вале бо сабаби вазъи нохуби саломатӣ ҳоло камтар фаъол ҳастам. Бо ин вуҷуд, хушҳолам, ки кам ҳам бошад, дасти мададам ба ҳамватанонам мерасад.

 

Боздошту ҳабси ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон

– Дар Тоҷикистон бештар бо кадом мушкилот ба Шумо муроҷиат мекунанд?

– Мушкили дохилӣ бехабар боздошт шудану ба додгоҳ кашидани ҷавонон аст. Борҳо волидон ба ман муроҷиат кардаанд, ки фарзандашон бедарак аст, боздошт шудааст, ба кадом зиндон рафтааст, касе хабар надорад. Ба воситаи шиносҳо бархе ҷавононро аз зиндонҳо пайдо мекунем. Ба пайвандон хабар надодан амали ғайриқонунӣ аст. Бояд пайвандони маҳкумшуда донанд, ки фарзандашон дар кадом зиндон қарор дорад.

– Вақте мушкили як шахсро ҳал мекунед, чӣ эҳсос доред?

– Чанд рӯз эҳсоси хушбахтӣ маро фаро мегирад. Бо таассуф мегӯям, ки мо натавонистем ҷомеаи хуб бисозем. Мо гунаҳкорем. Мо романтик будем. Фикр мекардем, ки Ҳизби коммунист барҳам хӯрад, ҳама мушкилот ҳалли худро меёбад. Аммо ин хел нашуд. Тамоман дигар шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Орзуҳои ҷавонмарги “гунаҳкор”​​​​​​​

– Эҳсоси гуноҳатон аз чист? Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехостед?

– Ман мехостам, ки дар Тоҷикистон давлати технократӣ бунёд шавад. Яъне, дар ҳар соҳа мутахассиси касбӣ сари мансаб ояд. Масалан, агар касе, ки сари ҳукумат меояд, мутахассиси тиб аст, ӯ наметавонад ҳама масъалаҳоро ҳал кунад, аз ин рӯ, бояд дар гирду атрофаш мутахассисони ҳама гуна касбу соҳа бошад. Новобаста аз он ки зодаи кадом шаҳру ноҳия аст.

Мехостам, ки соҳиби давлати мустақил бошем. Озод бошем. Демократия ва ҳокимияти халқ бошад. Ғуломи давлати дигаре набошем. Давлатҳои хурде ҳастанд, ки тавонистанд мустақил шаванд. Ман фикр мекардам, ки давлати демократӣ мекунем, ягон проблема намешавад. Роҳи ҷавононро ҳамвор месозем. Ба давлати дигаре вобаста намешавем. Аммо…

Мо сарватҳои зиёди зеризаминӣ дорем, мардуми заҳматкаш дорем, шарт нест, ки зари худро партоему рафта ғуломи дигарон шавем. Орзу мекардам, ки ҷавонони боистеъдод ва донишманд, ба вижа онҳое, ки дар хориҷа хуб таҳсил кардаанд, ба Тоҷикистон баргашта, ба мансаб мерасанд ва кишварро обод мекунанд. Вале ин гуна нашуд.

Масалан, дар Қазоқистон тавонистанд ҷавонони боистеъдодро пайдо карда, барои таҳсил ба хориҷа фиристанд ва мутахассис омода кунанд. Онҳо ба Қазоқистон баргашта, ватанашонро обод карданд. Мо бошем, натавонистем роҳи ҷавонони боистеъдодро кушоем, ба вижа зодагони оилаҳои камбизоатро бо ҷои кор таъмин ва ба вазифаи мувофиқ таъйин кунем. Ин дарди музмин аст…

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ойниҳол Бобоназарова ва Мишел Обама дар маросими супурдани ҷоизаи "Занони шуҷоъ" аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА, 2014

“Низоми додгоҳии Амрико ҳам шикаст”​​​​​​​

– Чӣ гуна демократияро дидан мехостед?

– Демократияи комил нест. Қаблан демократияи Амрико барои мо намуна буд. Имрӯзҳо дар он ҷо корҳое шуда истодааст. Пештар ба шахсиятҳо аҳамият намедодам, вале нав фаҳмидам, ки шахсият таърих месохтааст. Як нафар метавонад, ки меҳнати чандҳазорсоларо дар як соат барбод диҳад. Дар мисоли Доналд Трамп. Ӯ набояд сари ҳокимоят меомад. Ин хатои такрории мардуми амрикоӣ аст. Аксари шаҳрвандони Амрико ба интихобот наомаданд ва ин беаҳамиятӣ дар интихоби президент таъсир расонид.

Барои он чунин мавқеъ дорам, ки Трамп пойбанди низоми пурқудрати Амрико нест. Низоми додгоҳии Амрико басо мустаҳкам буд, ман фикр мекардам, ки онро касе шикаста наметавонад, вале Трамп ин корро кард – муҳраҳои худро дар он ҷой дод. Бо ин вуҷуд, бояд решаҳои демократияро напӯсонем, агар реша аз байн равад, дарахти бузург ба замин меафтад.

 

Демократия дар Амрико ҳам нест?​​​​​​​

– Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон, дар кишвар барои демократия майдоннишинӣ кард, вале вақте ба Амрико ҳиҷрат кард ва солҳо дар он ҷо зист, гуфт, ки “дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон демократия вуҷуд надорад”. Яъне, баъди солҳо андешаи Шумо ҳам нисбати демократия иваз шуд?

– Андешаи ман нисбати демократия иваз нашудааст. Аслан, андеша “догма” нест, аз ин рӯ, агар андешаи ман иваз ҳам шавад, ҷойи нигаронӣ надорад. Асли демократия дар бархе давлатҳо ҳифз шудааст ва ман ба он бовар дорам.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз чап ба рост: Мавзуна Чориева, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, Ойниҳол Бобоназарова ва Зебониссо Рустамова, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ

– Шумо худатон гуфтед, ки низоми додгоҳии Амрикоро Трамп шикаст. Пас гуфта метавонем, ки демократия дар Амрико ҳам вуҷуд надорад ва андешаи Бозор Собир дуруст аст…

– Бозор Собир дӯсти ман буд, вале ӯ шоир аст, тахайюлҳои шоиронааш бештар аст. Ӯ аввал ба Русия муҳоҷир шуд, борҳо дар Маскав ба дидораш рафтам, вале зиёд дар он ҷо наистод. Чаро дар Амрико 20 сол истод, дар Русия не? Барои он ки демократия, ҳатто агар нисбӣ ҳам бошад, дар Амрико ҳаст. Бозор Собир дар Амрико зиста, алайҳи амрикоиҳо ҳарф мезад, шеър мегуфт, вале касе кор намегирифт. Яъне, новобаста аз баъзе дигаргуниҳо, давлатҳои демократӣ хуб ҳастанд.

Боз ҳам мегӯям, ки фикри ман дар бораи шахсиятҳо дигар шуд, вале дар бораи демократия дигар нашудааст.

 

Синфи миёна чӣ гуна ба вуҷуд меояд?​​​​​​​

– Баргардем ба Тоҷикистон. Шумо солҳо дар сиёсат фаъол будед. Ҳоло ҳам набзи сиёсии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунед?

– Албатта. Ҳама хабарҳоро мехонам, назди худ таҳлилҳо мекунам. Ҳатто дар мавриди сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ меандешам. Ҳоло ба ин андеша расидаам, ки агар дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми либерализм роҳандозӣ шавад, синфи миёна ба вуҷуд меояд ва истиқлолият мустаҳкам ва давлат мутараққӣ мешавад.

– Аз корномаи худ розӣ ҳастед?

– Бале ва агар умри дубора медоштам, боз ҳамин роҳро пеш мегирифтам. Ман ҳамаи пастиҳову баландиҳову вазниниҳову хурсандиҳои зиндагиамро қабул дорам ва ҳатто ба иштибоҳҳоям эҳтиром қоил ҳастам. Ҳеҷ гоҳ аз ягон корам пушаймон нашудаам ва ҳоло ҳам пушаймон нестам. Ба ман ҳатто мансабҳои баланд пешниҳод карданд, вале рад кардам ва аз он ҳам пушаймон нестам.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ойниҳол Бобоназарова бо Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон

Вақте президент хоҳиш мекунад…​​​​​​​

– Чӣ мансаб буд ва чаро рад кардед?

– Ба ман курсии вазири адлия, вазири маориф, муовини аввали додситони кулл ва ректории як донишгоҳро пешниҳод карданд. Вале ман ҳамаашро рад кардам. Барои он ки сиёҳро сафед гуфта наметавонам. Ҳеҷ гоҳ принсипҳои худро нашикастам. Тамаллуқ назадам. Ман кори зиёде карда натавонистам. Натавонистам чизеро дигар кунам…

– Кӣ ва дар кадом давра ин мансабҳоро ба Шумо пешниҳод кард?

– Замоне декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам, 16 донишҷӯро хориҷ кардам. Дар миёни онҳо додари зани Раҳмон Набиев (раисҷумҳури вақти Тоҷикистон) ҳам будаст. Набиев занг зад ва супориш дод, ки додари занашро барқарор кунам. Ман рад кардам. Пурсид, ки “Шумо чанд президент доред?”.

– Ман Шуморо интихоб накардаам, Шумо ҳам маро ба ин вазифа нагузоштаед!, – посух додам ман.

Бо ғазаб телефонро қатъ кард. Каме пас боз занг зад, ин бор овозаш нарм буд, гуфт: “занак нони хӯрдаамро заҳри бадан кард, илтимос, ягон роҳашро ёбед”.

Рости гап, дилам ба ҳоли президент сӯхт, гуфтам, наметавонам аз миёни 16 тан касеро истисно кунам, аз ин рӯ, ба ҳамааш бори дигар имкон медиҳам, моҳи дигар имтиҳон супоранд, касе аз имтиҳон гузашт, ба донишгоҳ барқарор мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд, аз миёни 16 тан, агар хато накунам, баъди имтиҳон 5 ё 6 донишҷӯро барқарор кардем. Дар байнашон додари зани Набиев ҳам буд.

Ҳамин давра буд, ки Раҳмон Набиев курсии вазири адлия ва вазири маорифро пешниҳод кард. Вале ин пешниҳодро тамаъҷӯӣ ҳисобидам ва рад кардам.

Баъдан дар тақсимоти ба истилоҳ “30-фоиза” дар соли 1997 курсии муовини аввали додситони кулро пешниҳод намуданд. Гуфтанд, ки муддате кор кунед, таҷриба пайдо шавад, “давомашро мебинем”. Онро ҳам қабул накардам. Вақте дар хонаи ман гӯшт ҳасту ҳамсояам гурусна мехобад, нангам меояд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ойниҳол Бобоназарова, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, соли 1989

Адами рӯйихотирбинӣ ва ришвагирӣ​​​​​​​

– Дар замони декании факултаи ҳуқуқшиносӣ боре рӯйихотирбинӣ кардаед?

– Вақте декани факултаи ҳуқуқшиносӣ будам, додарам ҳуҷҷат супорид, вале аз имтиҳон нагузашт. Ҳеҷ кас аз аъзои комиссия намедонист, ки довталаб додари декани факулта аст. Баъдан фаҳмиданд, ки додари ман аз имтиҳон афтид, гап то гӯши ректори донишгоҳ академик Фозил Тоҳиров расид, гуфтанд, ки беимтиҳон додари маро ба факултаи ҳуқуқшиносӣ қабул мекунанд, вале ман розӣ нашудам. Вақте хона рафтам, падарам гуфт, ки декан шуда, як додаратро қабул кунонида натавонистӣ. Ҳатто чанд муддат падарам бо ман ҳарф назад. Инро ба он хотир ёдовар шудам, ки ба додари худам рӯйихотирбинӣ накардам, чӣ ҳоҷат ба каси дигаре.

– Хоҳ дар донишгоҳ ва хоҳ дар дигар вазифаҳое, ки будед, боре ҳам ришва гирифтаед?

– Як одати шарқиёна ҳаст, ки дасти холӣ ба меҳмонӣ намераванд. Ҳар касе ба хонаи ман меомад, нон, шоколад, тарбуз ё чизе дигар меовард. Онҳоро мегирифтам. Аммо вақти баргашт ҳатман ба дастархон ё борхалтааш бар ивази чизе, ки овард, чизи дигар мегузоштам. Фикр мекунам, ки ин ришва ҳисоб намеёбад. Аммо аниқ ва бо боварӣ мегӯям, ки дар тамоми умрам ришвае, ба хусус маблағ бошад, нагирифтаам.

Ҳатто вақте маро боздошт карданд, ҳарчанд хостанд ба ришвагирӣ муттаҳам кунанд, вале чизе пайдо карда натавонистанд. Як профессори донишгоҳ маро бад медид, кормандони мақомот вақте аз ӯ мепурсанд, ки Ойниҳол Бобоназарова ришва мегирад, ӯ хандида мегӯяд, ки “ин қисматро бефоида накобед, ки ба мурод намерасед”. Вақте душман чунин баҳо медиҳад, пас маълум аст, ки ба принсипҳоям пойбанд будаам.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар зиндон бо ман муносибати бад надоштанд”​​​​​​​

– Намехостам дар рӯзи мавлудатон дар мавриди зиндон пурсам, вале худатон сари мавзӯъро боз кардед. Дар зиндон муносибат бо Шумо чӣ гуна буд ва он 5 соле, ки ҳабси хонагӣ шудед, чӣ гуна гузашт? Шояд ҳамон давра бархе адешаҳоятон иваз шуд?

– Дар соли 1993 ду моҳ зиндонӣ будам, вале сароҳатан мегӯям, ки кормандони мақомот бо ман муносибати бад надоштанд ва аслан шиканҷа ё фишоре ҳам надидам. Ҳатто дар зиндон худи кормандонаш бароям ҳар гуна хӯрданӣ ва шириниҳо меоварданд. Бисёраш шогирдонам буданд, бароям эҳтиром доштанд. Шояд имрӯз вазъ дар зиндонҳо дигар шуда бошад, вале он вақтҳо ба зан ва модар эҳтиром мегузоштанд.

Дар солҳои 1993-1998, ки ҳабси хонагӣ будам, бештар ба китобхонӣ машғул мешудам, вале ягон андешаам иваз нашуд ва ҳамеша дар мавқеам устувор мондам.

Дар ин давра ҳатто имкони аз Тоҷикистон фирор кардан доштам, ин гуна пешниҳодҳо буд, вале рад кардам. Фақат як бор хостанд, ки восита шавам, то Нарзулло Дӯстов (собиқ муовини президент ва вазири нақлиёти Тоҷикистон, – аз идора)-ро ба Норак ба назди Фронти халқӣ гурезонанд, розӣ шудам, вале худи Дӯстов рад кард.

– Имрӯз аз чӣ ифтихор доред?

– Фурсат ва имконияти зиёд доштам, ки кайфу сафо кунам ва бо маишат рӯз гузаронам. Вале ин корро накардам. Аз фарзандонам, аз шогирдонам, аз тамоми корномаам ифтихор мекунам.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...