Дар Русия беш аз 638 ҳазор фарзанди муҳоҷирон қарор доранд

Дар Русия беш аз 638 ҳазор фарзанди муҳоҷирон қарор доштаанд, ки гуфта мешавад “нисфи онҳо таҳсил намекунанд”. Дар ин бора Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилии Русия дирӯз дар ҷаласаи Думаи давлатӣ иттилоъ додааст. Ӯ илова кардааст, ки танҳо дар шаҳри Маскав 80 ҳазору 282 фарзанди ноболиғи муҳоҷирон қарор доранд, вале ҳамагӣ 25 ҳазори онҳо […]

Asia-Plus

Дар Русия беш аз 638 ҳазор фарзанди муҳоҷирон қарор доштаанд, ки гуфта мешавад “нисфи онҳо таҳсил намекунанд”. Дар ин бора Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилии Русия дирӯз дар ҷаласаи Думаи давлатӣ иттилоъ додааст.

Ӯ илова кардааст, ки танҳо дар шаҳри Маскав 80 ҳазору 282 фарзанди ноболиғи муҳоҷирон қарор доранд, вале ҳамагӣ 25 ҳазори онҳо таҳсил мекунанд.

“Теъдоди умумии кӯдакони муҳоҷирон дар Русия 638 ҳазору 174 нафарро ташкил медиҳад ва торафт шумораи онҳо коҳиш меёбад Гӯё, ки аксари онҳо таҳсил намекунанд, ман фикр мекунам, ки ин воқеият надорад. Вале эҳтимолан ҳудуди нисфи онҳо дақиқан бо кадом сабабҳое аз таҳсил дур мондаанд”, – гуфтааст ӯ.

Чанд рӯз пеш, Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи пешниҳоди маълумот дар бораи кӯдакони муҳоҷирон ба ВКД-ро дар қироати аввал қабул кард. Ин лоиҳаи қонун вазорати маорифро вазифадор кардааст, ки маълумоти шахсии кӯдак ва волидони ӯ, натиҷаҳои тест аз забони русӣ, маълумот доир ба қабул ё хориҷ шудан аз мактаб, инчунин маълумот дар бораи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии ба рӯйхати шахсони таҳти назоратро ба ВКД  ирсол намояд.

Ёдрас мешавем, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мактабҳои Русия кӯдакони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, қабул намекунанд. Барои тасдиқи сатҳи кофӣ ҷиҳати азхудкунии барномаи мактаб, онҳо бояд тест супоранд. Кӯдаке, ки имтиҳонро супорида наметавонад, уҳдадор аст, ки аз таълими иловагӣ гузарад.

Кӯшиши такрорӣ супурдани имтиҳон танҳо пас аз се моҳ имконпазир аст.

Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар Русия дучор мешаванд. 

Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳодисаи “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷирони кориро сахттар мекунад. 

Аз ҷумла, ки дар чор моҳи охир 19 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон из ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио