Дархост барои вуруд ба Русия. Дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи мобилии “RuID” чӣ тавр сабти ном бояд кард?

Шаҳноз Ализоад, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар қоидаи нави вуруд ба Русия, ки аз моҳи июли соли равон ҷорӣ мешавад, шарҳ доданд. Аз 30-юми июн шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо нашри як изҳорот тарзи сабти ном дар барномаи пойгоҳи “Госуслуги” ва барномаи “RuID” –ро қадам ба қадам шарҳ дод.

Ин ниҳод гуфтааст, ки муҳоҷирон пеш аз сафар ба Русия бояд дар барномаи “RuID” ва пойгоҳи “Госуслуги” дархости вуруд пешниҳод кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар замима сабти ном шуда, ҳуҷраи шахсӣ боз намояд.

Манбаъ гуфтааст, ки ба замимаи мобилии “RuID” шаҳрвандон метавонанд бо почтаи электронӣ ё рақами телефон ва калидвожа ворид шаванд. Агар шаҳрванд утоқи шахсӣ надошта бошад, ҳангоми воридшавӣ худро бояд  сабти ном кунад. Ба ин барнома ҳамчунин тавассути логин ва рамзи пойгоҳи “Госуслуги” ворид шудан мумкин аст.

Шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз ҳама бояд мақсади сафар ва будубош дар Русияро дар барномаи “RuID” ё дар пойгоҳи “Госуслуги” сабт кунанд.

 

Дар барномаи “RuID” чӣ тавр дархост гузорем?

– барномаи “RuID”-ро дар телефон боргирӣ кунед;

– бо логин ва рамзи “Госуслуги” ворид шавед;

– агар утоқи шахсӣ надошта бошед, худро сабти ном кунед ва ҳангоми сабти ном маълумоти шиносномае, ки бо он марзи Русияро мегузаред, ворид кунед;

– дар барнома дар бораи сафар на дертар аз 90 рӯз ва на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд дархост пешниҳод кунед;

– дар ҳолатҳои изтирорӣ, беморӣ ё марг бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда на дертар аз 4 соат пеш аз вуруд дархост гузоштан мумкин аст;

– маълумоти зеринро пур кунед – ҳадафи сафар, муҳлати будубош, номи минтақаҳое, ки ният доред сафар кунед, маълумот дар бораи кӯдакон;

– баъдан дар барномаи “RuID” сурат, акси шиноснома,  сабти овози худро ворид кунед;

– дар марҳилаи охир, мунтазири санҷиши маълумот шавед, огоҳинома дар барнома дар ҳисоби шахсиятон ирсол мешавад;

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки бе сабти маълумоти биометрӣ дархост гузоштан барои вуруд ва будубош дар Русия имконнопазир аст. Дар ҳар сафари нав бояд аксбардории нав анҷом дода шавад, ҳатто агар маълумоти биометрии қаблан сабтшуда мавҷуд бошад.

 

Дар пойгоҳи “Госуслуги” чӣ тавр дархост гузорем?

– ба пойгоҳ бо логин ва калидвожаи худ ворид шавед ё сабти ном шавед;

– ба бахши хизматрасонӣ гузаред ва маълумоти сафарро пур кунед, ин раванд низ ба пур кардани дархост дар барномаи “RuID” монанд аст;

– барои тасдиқи шахсият акси чеҳраи худро дар барнома гиред;

– дархостро ирсол кунед ва мунтазири санҷиш шавед;

Пас аз пешниҳоди маълумот, ба муҳоҷир рамз ирсол мегардад ва дар марзи Русия танҳо бо он иҷозаи вуруд дода мешавад. Мӯҳлати эътибори дархост 90 рӯз муайян шудааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират дар Русия оид ба муҳоҷират гуфтааст,  ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо шаҳрвнадон метавонанд бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт сабти ном дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи “RuID”  қисми дуввуми лоиҳаи таҷрибавӣ доир ба муосирсозии қоидаҳои вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аст, ки дар ин бора қарори ҳукумати Русия аз 7-уми ноябри соли 2024 баромада буд.

Тибқи он ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский ва гузаргоҳи мошингузари Маштаково (вилояти Оренбург) ворид ё хориҷ мешаванд, аз назорати биометрӣ мегузаранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...