Даҳ адиби тоҷик сазовори ҷоизаҳои Айнӣ ва Турсунзода шуданд. Онҳо кистанд?

Даҳ адиби тоҷик барандаи ҷоизаҳои адабии Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, яке аз бонуфузтарин ҷоизаи адабии Тоҷикистон дар соли 2025 эълон шуданд. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, исми онҳо имрӯз, 12-уми июн, ҷаласаи навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бо ҳузури Раёсати иттифоқ баргузор шуд, эълон гардид. […]

Даҳ адиби тоҷик барандаи ҷоизаҳои адабии Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, яке аз бонуфузтарин ҷоизаи адабии Тоҷикистон дар соли 2025 эълон шуданд. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, исми онҳо имрӯз, 12-уми июн, ҷаласаи навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бо ҳузури Раёсати иттифоқ баргузор шуд, эълон гардид.

“Дар натиҷа 4 адиб барандаи ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ ва 6 адиби дигар барандаи ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода шуданд. Ин китоҳо дар ду соли охир ба чоп расидаанд”, – гуфтанд аз Иттифоқи нависандагон.

Адибон бо китобҳои зерин барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар бахши наср) шудаанд:

– “Обними меня” (китоби ҳикояҳо) – Ҳафиз Сайфуллоев;

– “Офтоби беғуруб” (маҷмуаи қиссаҳо, ҳикояҳо, эссе) – Нозир Ёдгорӣ;

– “Асарҳои мунтахаб”, ҷилди 10 (романҳои «Теғи сухан», «Бо навои борон») – Шарифбек Азизӣ;

– “Оҳанги зиндагӣ” (ҳикояҳои 24 адиби ҷаҳон) – тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод.

 

Адибон бо китобҳои зерин барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудаанд:

– “Сенуқта” (маҷмуаи ашъор) – Нарзуллоҳи Азизиён;

– “Табассуми ишқ” (маҷмуаи ашъор) – Рӯдобаи Мукаррам;

– “Шасти Равшан” (маҷмуаи ашъор) – Равшан Ҳамроҳ;

– “Дили афрўхта” (маҷмуаи ашъор) – Хурсандӣ Ҳоҷимурод;

– “Край мой родимый” (маҷмуаи ашъор) – Саид Сангин;

– “Парвини хаёл” (маҷмуаи ашъор) – Саъдӣ Мирзо.

Гуфта мешавад, ки ҷоизаҳо дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ ба барандагон супурда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон эҳдо мегардад. Соли 2023-юм 12 шоиру нависанда соҳиби ин ҷоизаҳо шуда буданд. Бо исми онҳо дар ин пайванд шинос шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.