Суқути ҳавопаймои “Air India” дар Ҳиндустон бо беш аз 240 мусофир

Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии "Air India", ки ҳомили 242 мусофир буд, суқут кардааст. Дар ҳавопаймо 230 мусофир ва 12 сарнишину хидматрасон будаанд. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймо рӯзи 12-уми июн аз шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон ба шаҳри Лондони Британияи Кабар парвоз мекард. Вале пас аз чанд лаҳзаи парвоз дар як маҳалли истиқоматӣ […]

Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии "Air India", ки ҳомили 242 мусофир буд, суқут кардааст. Дар ҳавопаймо 230 мусофир ва 12 сарнишину хидматрасон будаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймо рӯзи 12-уми июн аз шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон ба шаҳри Лондони Британияи Кабар парвоз мекард. Вале пас аз чанд лаҳзаи парвоз дар як маҳалли истиқоматӣ суқут кардааст.

Тибқи иттилои охирин, дасти кам 110  мусофири он дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд. Тақдир мусофирони дигар ва сарнишинони ҳавопаймо маълум нест.

Сабаби суқути ҳавопаймо то кунун маълум нест. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки хадамоти ёрии таъҷилӣ ва оташнишонӣ дар ҷои ҳодиса ҳастанд.

"Air India" дар саҳифааш дар "Х" навиштааст, ки ки дар ҳавопаймо 169 шаҳрванди Ҳиндустон, 53 шаҳрванди Бритониё, як шаҳрванди Канада ва ҳафт шаҳрванди Португалия буданд.

Дар наворҳое, ки баъди суқути ҳавопаймо дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки баробари ба замин афтодани ҳавопаймо аз маҳалли ҳодиса ба осмон оташ намоён мешавад.

Бори аввал нест, ки як ҳавопаймои мусофиркашонӣ суқут мекунад. Моҳи декабри соли гузашта, як ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон, ки бо 67 мусофир ва ҳайати сарнишин аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи минтақаи Оқтауи ҷануби Қазоқистон суқут кард. Дар пайи ин ҳодиса тақрибан 40 мусофиру сарнишин ҷон доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.