“Дарахти дӯстӣ биншон…” Ҷашнвораи “700 сол бо Ҳофиз” дар Порис чӣ гуна гузашт?

Date:

Аз 11 то 14-уми июн дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар Порис 700-солагии Ҳофизи Шерозиро таҷлил карданд. Дар ҳошияи ҷашнвора, намоиши ҷашнӣ, конфронси байналмилалии илмӣ, “Шоми Шашмақом”, ва консерти Оркестри Филармонияи Порис – Шарқ бо дирижёрии Ораши Фӯлодванд ва сарояндагони тоҷик доир гардид.

Дар ҷашнвора 64 нафар аз Тоҷикистон ширкат варзидаанд, ки 16 танашон муҳаққиқону олимон будаанд.

 

Кадом олимону муҳаққиқони тоҷик ширкат карданд ва чӣ гуфтанд?

Ба иттилои Сироҷиддини Эмомалӣ, адабиётшиноси тоҷик ва яке аз иштирокдорони ҳамоиш, дар ин конфронс Рустам Ваҳҳобзода, Фарангис Шарифзода, Баҳром Раҳматзода, Шамсиддин Муҳаммадиев, Салими Хатлонӣ, Дилшод Раҳимӣ ва дигар олимону муҳаққиқони тоҷик аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ва донишгоҳҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Академияи миллии улум ширкат варзидаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Олимони тоҷик пиромуни ҳофизшиносӣ дар Тоҷикистон, дастовардҳои муҳаққиқони тоҷик дар омӯзиши мероси адабии Ҳофиз, нақши Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳанги тоҷикон, ҷойгоҳи маърифат ва мафҳумҳои ирфонӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ, бозтоби таърих ва шахсиятҳои устуравӣ дар шеъри Ҳофиз ва шеваҳои истифодаи рамзҳо, шахсиятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ дар осори ӯ суханронӣ кардаанд.

Манбаъ афзуд, дар ин конфронс ҳофизшиносон, ҳамчунин, аз Эрону Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Русия низ иштирок кардаанд.

Ҳамоиш шаш бахшро фаро гирифта, пиромуни самтҳои гуногуни эҷоди Ҳофиз ва таҳқиқи осори ӯ муҳокимаҳо сурат гирифтаанд. Ҳамчунин дар 4 бахши ҳамоишро олимони тоҷик, аз ҷумла, Рустам Ваҳҳобзода, Сироҷиддини Эмомалӣ, Фарангис Шарифзода ва Ҳасан Султон раисӣ кардаанд.

Сироҷиддини Эмомалӣ гуфт, ҳамоиш дар сатҳи баланд доир гардида, аксари нафароне, ки ба сухан меомаданд, нутқашонро бо ғазали маъруфи “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад…”,- и Ҳофиз оғоз намуда, ба пайванди дӯстии кишварҳо ишораву таъкид мекарданд.

 

Ҳунарнамоии сароянагони тоҷик бо оркестри филармонияи Порис-Шарқ

Шоми 13-уми июн дар Порис консерти Оркестри Фиралмонияи Порис-Шарқ бо дирижёрии Ораши Фӯлодманд ва таҳхонии ҳунармандони тоҷик – Ситораи Кароматулло, Шоҳрух Юнусов ва Фирдавс Ҳошимов доир гардид. Ба гуфтаи ҳозирин, аз осори Ҳофиз таронаҳо сурудаанд ва ғазали “Дарахтӣ дӯстӣ биншон…” дар шакли хор иҷро гардидааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Матлубахон Сатториён дар охири консерти оркестрӣ ба таҳкими равобит дар солҳои охир таъкид карда, гуфтааст, “ин бори дуввум аст, ки ҳайати Тоҷикистон якҷо бо оркестри Филармонияи Порис-Шарқ таҳти роҳбарии Ораш Фӯлодванд консерт доир мекунад”.

Дар поёни консерт, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ аз заҳматҳои Ораши Фӯлодванд барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд дар ҷодаи муаррифии мусиқӣ ва адабу фарҳанги тоҷику форс ба ӯ ва ба оркестри Филармонияи Порис-Шарқ лавҳа тақдим намудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Намоиши ҷашнӣ ва “Шоми шашмақом”

Бояд гуфт, рӯзи аввали ҷашнвора,11-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Порис намоишгоҳи ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Дар он аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии "Девон"-и Ҳофизи Шерозӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамчунин, намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигории Олимҷон Комилзода, рассом-миниётурнигори тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, чун сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кунда ва дигар мероси фарҳангӣ ҷузъе аз намоишгоҳи мазкур буданд.

Ҳамчунин, шоми он рӯз барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми шашмақом” бо иштироки ансамбли давлатии  “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти роҳбарии Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии “Гулрез”, инчунин чанде аз ҳунармандони дигар баргузор шуд.

Бояд гуфт, дуюми моҳи сентябри имсол дар Тоҷикистон 700-солагии Ҳофизи Шерозиро ҷашн мегиранд. Дар ин бора, амри раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расида, вазорату идораҳои дахлдор муваззаф шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...