Муовини вазири маориф гуфт, бархе ҳукуматҳои маҳаллӣ барои “сарфу харҷ”-и мактаб маблағ ҷудо намекунанд

Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон нигаронӣ кардааст, ки бархе ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда барои хонандагон ва сарфу харҷи мактабро ҷудо намекунанд. Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф дар як мусоҳиба бо “Омӯзгор”, нашрияи ин вазорат гуфтааст, ки на ҳамаи маблағҳои аз ҳисоби буҷет ҷудошуда дар соҳаи маориф дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм аст. […]

Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон нигаронӣ кардааст, ки бархе ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда барои хонандагон ва сарфу харҷи мактабро ҷудо намекунанд.

Бадриддин Музаффарзода, муовини вазири маориф дар як мусоҳиба бо “Омӯзгор”, нашрияи ин вазорат гуфтааст, ки на ҳамаи маблағҳои аз ҳисоби буҷет ҷудошуда дар соҳаи маориф дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм аст.

Ӯ афзудааст, ки барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 156 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 400 ҳазору 321 сомонӣ, барои мактабҳои таҳсилоти асосӣ барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 688 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 161 ҳазору 183 сомонӣ ҷудо мешавад.

“…барои муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ барои як хонанда дар як сол 3 ҳазору 363 сомонӣ ва барои нигоҳдории муассиса 58 ҳазору 26 сомониро муайян намудааст”,-гуфтааст муовини вазири маориф.

Ба гуфтаи вай, ин маблағҳо бояд аз сӯи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ҷудо шавад, ки бархе онро ҷудо намекунанд ва меъёри қонунгузорӣ дар ин самтро вайрон мекунанд.

“Аммо баъзан ба мушоҳида мерасад, ки на барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда ҷудо мегарданд ва агар ҷудо ҳам шаванд, на ҳар як роҳбари муассисаи таълимӣ метавонад маблағҳои дар ихтиёраш бударо мақсаднок истифода намояд”, – нигаронӣ кардааст муовини вазир.

Вале ӯ мушаххас нагуфтааст, ки ҳукуматҳои кадом шаҳр ё ноҳия ба мактабҳо маблағи пешбинишударо ҷудо накардаанд.

Бадриддин Музаффарзода дар такя ба қонунгузорӣ таъкид кардааст, ки таъмиру сохтмони мактабҳо вазифаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад.

Қаблан Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз масъулини мактабҳо хоста буд, ки барои таъмири мактабҳо аз волидони хонандагон маблағ ҷамъ накунанд.

Вале бо ин вуҷуд падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо ба хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр карда, маблағро пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо ва ҷамъи иҷбории маблағ аз хонандагон дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки 314 бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.