Вазири маориф хост, барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамъ накунанд

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамъ накунанд. Ӯ ин нуктаро дар вохӯрӣ бо омӯзгорони як мактаб дар вилояти Хатлон таъкид кардааст. Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки Раҳим Саидзода рӯзи 7-уми июн аз мактаби №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ва бо омӯзгорон суҳбат кардааст. […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки барои таъмири мактабҳо маблағ ҷамъ накунанд. Ӯ ин нуктаро дар вохӯрӣ бо омӯзгорони як мактаб дар вилояти Хатлон таъкид кардааст.

Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки Раҳим Саидзода рӯзи 7-уми июн аз мактаби №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ва бо омӯзгорон суҳбат кардааст.

Ҳангоми суҳбат вазир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалб накардани омӯзгорон ба обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ ва манъи ҷамъи маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса таъкид кардааст.

Қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе низ ҳушдор дода буд, ки ҷамъоварии ҳама намуди маблағ барои таъмиру гармикунонии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст. Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад.

Зимнан, вазири маорифи кишвар чанде қабл “бе огоҳӣ” ба чанд мактаби шаҳри Ҳисор рафта, вазъи онҳоро нигаронкунанда дарёфта буд.

Боздиди вазир маълум кард, ки дар баъзе мактабҳо таълиму тарбия, интизоми кор, ҳолати беҳдоштӣ, тозагӣ ва иштироки хонандагон дар дарс дуруст ба роҳ монда нашудааст. Директор ва муовинонии баъзе мактабҳо “бе сабабҳои узрнок” дар ҷои кор набудаанд.

Нисбати роҳбарияти ин мактабҳо чӣ чора андешада шуд, маълум нест.

Бояд гуфт, ки масъалаи нокифоягии мактабҳо, мизу курсӣ, синфхонаҳои таълимӣ, таъмирталаб будани онҳо ва ҷамъи иҷбории маблағ аз хонандагон дар Тоҷикистон ташвишовар арзёбӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар низ дар яке аз суханрониҳояш гуфта буд, ки 314 бинои ммактабдар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ таъмирталаб мебошад.

Ба гуфтаи ӯ инчунин дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо сабаби камбуди синфхона, хонандагон дар се баст таълим мегиранд.

Қаблан, “Азия-Плюс” пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои соҳаи маориф матлабе бо унвони  “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа”, нашр кард, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед ва аз мушкилиҳои соҳа огоҳ шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.