Дар Тоҷикистон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор мешавад

Дар Душанбе аз 15 то 20-уми октябри соли равон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор мегардид. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, дуюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад. “Мақсади асосии синамоҷашнвора таҳкими мавқеи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни синамогарони ватанӣ ва […]

Дар Душанбе аз 15 то 20-уми октябри соли равон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор мегардид. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дуюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.

“Мақсади асосии синамоҷашнвора таҳкими мавқеи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни синамогарони ватанӣ ва хориҷӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи синамо ва тақвияти ҷойгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар дар арсаи байналмилалӣ мебошад”, – гуфтанд аз “Тоҷикфилм”.

Ба ин ҷашнвора беш аз 100 меҳмон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Осиё ва Аврупо даъват мешаванд.

Дар доираи синамоҷашнвораи мазкур баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои Эрон, Русия, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки якумин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда буд. Дар он намояндагон аз кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд.

Дар доираи он ҷашнвора, барномаҳои гуногун, аз ҷумла нишастҳои матбуотӣ, рӯзҳои кинои Русия ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори синамои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони “Эҳёи синамо” бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассисони соҳа баргузор гардиданд.

Шоҳҷоизаи синамоҷашнвора барои беҳтарин филми ҳунарӣ ба филми “Роҳ”-и коргардони тоҷик Носир Саид супорида шуд.

Аввалин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” чӣ гуна ҷамъбаст гардид, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.