Маош аз 100 ҳазор рубл бештар. Мақомот муҳоҷирони тоҷикро ба як ширкати хусусӣ дар Русия ба кор даъват мекунанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ба як ширкати хусусӣ дар шаҳри Балашихаи ин кишвар ба кор даъват кардааст. Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, аз ширкати хусусӣ “ТК-Спецхим”, ном бурдааст. Манбаъ гуфтааст, корфармо ба муҳоҷирони меҳнатӣ вазифаҳои чинакчӣ, монтажчӣ ва коргарони умумиро пешниҳод […]

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ба як ширкати хусусӣ дар шаҳри Балашихаи ин кишвар ба кор даъват кардааст.

Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, аз ширкати хусусӣ “ТК-Спецхим”, ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, корфармо ба муҳоҷирони меҳнатӣ вазифаҳои чинакчӣ, монтажчӣ ва коргарони умумиро пешниҳод мекунад.

Намояндагӣ гуфтааст, ки музди меҳнат аз 100 000 рубл боло мебошад. Ҳамчунин ҷойи хоб, хӯроки яквақтаина ва либоси корӣ аз ҷониби корфармо таъмин мегардад.

Ҷойи кор дар вилояти Маскав, шаҳри Балашиха, ноҳияи Гагарина, бинои 14, хонаи 9 будааст.

Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки шаҳрвандон дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) ба ин  ниҳод муроҷиат кунанд.

Даъвати намоянадагии вазорат аз муҳоҷирон барои кор дар Русия дар ҳолест, ки муҳоҷирон солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар ин кишвар дучор мешаванд. 

Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳодисаи “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷирони кориро сахттар мекунад.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.