Дар Тоҷикистон омодагӣ ба даъвати ҳарбии тирамоҳӣ оғоз мешавад

Вазорати дифои Тоҷикистон омодагиҳо барои даъвати ҳарбии тирамоҳиро оғоз мекунад. Дар ҷаласаи мушовараи ин ниҳод зикр шудааст, ки барои даъвати ҳарбии босифати тирамоҳӣ “дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои пешаздаъватӣ” баргузор мешавад. Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа менависад, ки ин иқдом аз ҷумла “бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ” роҳандозӣ […]

Вазорати дифои Тоҷикистон омодагиҳо барои даъвати ҳарбии тирамоҳиро оғоз мекунад. Дар ҷаласаи мушовараи ин ниҳод зикр шудааст, ки барои даъвати ҳарбии босифати тирамоҳӣ “дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои пешаздаъватӣ” баргузор мешавад.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа менависад, ки ин иқдом аз ҷумла “бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ” роҳандозӣ карда мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷаласаи мушовараи вазорат, масъулини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори он пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳории имсолар “аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд”.

Дар ҷаласа масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ низ баррасӣ шудаанд.

“…вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид карда шуд”,-навиштааст манбаъ.

Вазири дифоъ Эмомалӣ Собирзода аз ҳамаи хидматчиёни ҳарбӣ хостааст, ки ҳушёр бошанд ва вазифаҳояшонро барои ҳифзи кишвар ва мардум хуб иҷро кунанд.

Ба масъулини ҷузъу том супориш шудааст, зимни фаъолият ба сатҳи касбият, дониш, омодабошии доимии ҷангӣ ва таъминоту хизматрасонӣ аҳамият диҳанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми май мавсими баҳории даъват ба хидматӣ ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба поён расид. Вазорати дифоъи кишвар ҳанӯз рӯзи 1-уми май аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ хабар дода буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат “натиҷаи ҳамкории мақомот бо мардум, ташкили як қатор чорабиниҳои ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо мебошад”.

Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд. Мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд ва ғайра пешниҳод менамоянд.

Аммо бо вуҷуди ин, то ҳол ҳолатҳои ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш расонаӣ мегардад. Мақомоти тоҷик вуҷуди “облава”-ро эътироф намекунанд ва мегӯянд, дар ҳолати саркашӣ, ҳақ доранд ҷавони даъватшударо ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.