Туркманистон гуфт, чанд шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзиаш аз Эрон берун овардааст

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон гуфт, дар пайи даргирӣ миёни Эрону Исроил 120 шаҳрванди хориҷӣ, ки миёнашон табааи Тоҷикистон низ ҳастанд, тавассути марзаш аз Эрон берун овардааст. Дар миёни онҳо ҳамчунин, шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Руминия ва дигар кишварҳо будаанд. Дар ин бора имрӯз, 16-уми июн ВКХ Туркманистон иттилоъ дода, гуфтааст, “ин нафарон бо нақлиёт, ғизо, меҳмонхона […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон гуфт, дар пайи даргирӣ миёни Эрону Исроил 120 шаҳрванди хориҷӣ, ки миёнашон табааи Тоҷикистон низ ҳастанд, тавассути марзаш аз Эрон берун овардааст.

Дар миёни онҳо ҳамчунин, шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Руминия ва дигар кишварҳо будаанд.

Дар ин бора имрӯз, 16-уми июн ВКХ Туркманистон иттилоъ дода, гуфтааст, “ин нафарон бо нақлиёт, ғизо, меҳмонхона ва дигар чизҳои лозима таъмин карда шудаанд”.

Мақомоти Туркманистон гуфтааст, “қаламрави худро барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ, аъзои оилаи онҳо ва дигар шаҳрвандони феълии Эрон таъмин менамояд”.

“Дар ин замина Туркманистон содиқ будани худро ба принсипҳои инсондӯстӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамсоягии нек дар амал тасдиқ мекунад”, – навиштааст ин ниҳод.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани итилои расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ва дар маҷмуъ, вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон бенатиҷа анҷомид.

Зимнан, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон эълом кардааст, дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиаш дар Эрон ва Озарбойҷон барои берун кардани шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ меандешад. То имрӯз 24 шаҳрванди ин кишвар тавассути гузаргоҳи Астара, ки Эронро бо Озарбойҷон мепайвандад, берун оварда шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки субҳи 13-уми июн Исроил бо 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба Эрон ҳамла кард. Ин кишвар ҳамлаи худро “Бархостани шер” унвон дода, ҳадафи онро зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт.

Дар посух ба ин ҳамла Эрон шаби 14-уми июн дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи Посдорони Эрон эълом кард, ки ҳамлаи Эрон "Ваъдаи содиқ 3" ном дошта, ҳадафи аслии он се пойгоҳи ҳавоӣ дар Исроил буд.

Даргириҳо то ҳол идома доранд ва то имрӯз шумораи кушташудаҳо аз ҷониби Эрон ба 224 нафар ва аз тарафи Исроил ба 19 нафар расидааст. Ҳамчунин, садҳо тан маҷруҳ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.