Дар як ҳафтаи охир арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон наздики 1 сомонӣ арзон шудааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сабаби онро "коҳиши нархи газ дар кишварҳои содиркунанда" унвон кард.
Имрӯз, 16-уми июн, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе нархи 1 литр гази моеъ 6 – 6,10 сомонӣ аст. Аз ҷумла, ширкатҳои “Газпром нефт Тоҷикистон” ва “Ориё” 1 литр газро 6 сомониву 10 дирам ва дигар ширкатҳо 6 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.
Як ҳафта қабл нархи гази моеъ дар пойтахт 6 сомониву 80 дирам буд.
Дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ҳам, арзиши гази моеъ ба мисли пойтахт аст. 1 литр газ дар ширкатҳои “Газпром нефт Тоҷикистон” ва “Сеганҷ” 6 сомониву 10 дирам ва дар боқии фурӯшгоҳҳо 6 сомонӣ аст.
Ҳафтаи гузашта, нархи 1 литр гази моеъ дар Хуҷанд 6 сомониву 70 дирам ва дар Бохтар 6 сомониву 80 дирам буд.
Маҳмуд Баҳром, сухангӯи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” сабаби арзон шудани арзиши гази моеъро ба кишварҳои содиркунанда рабт дод.
"Дар кишварҳои содиркунанда, ба мисли Русия ва Қазоқистон арзиши гази моеъ арзон шудааст, бинобар ин, дар Тоҷикистон ҳам нархи он арзон шуд”, – гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бо зиёд шудани шумораи электромобилҳо дар Тоҷикистон, талабот ба гази моеъ камтар шудааст, ки ин ҳам як сабаби коҳиши арзиши гази моеъ буда метавонад.
Ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳудуди 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебаранд, ки нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар мебошад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб маҳсулоти нафтиро аз Русия бидуни боҷ мегирад. Зиёда аз 61%-и гази моеъ аз Русия ва ҳудуди 39%-аш – аз Қазоқистон ворид шудааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 92,4% маҳсулоти нафтӣ ва 61,1% гази моеъ ба ҷумҳурӣ маҳз аз Русия ворид шудааст.
Дар Тоҷикистон сари чанд вақт нархи сӯзишворӣ, махсусан гази моеъ ва бензин боло меравад ва мутаносибан нархи роҳкиро ва хидматрасонии дигар низ гарон мешавад. Вале баъди чанд вақт, замоне ки нархи сӯзишворӣ поин мешавад, нархи роҳкиро ва дигар хидматраосниҳо бетағйир боқӣ мемонад.


