Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?

Таҳияи Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон рӯзи панҷум аст, ки давом дорад. Аз рӯзи гузашта то кунун расонаҳои ду кишвар чандин бор аз ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ ба хоки якдигар хабар доданд.

Дар ҳамлаи мушакие, ки имрӯз Эрон ба Исроил анҷом додааст, 5 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора BBC бо такя ба Хадамоти изтирории Исроил хабар додааст.

Дар наворҳои интишоршуда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки мушакҳои Эрон ба чандин бино дар минтақаҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла, Телавив ва Ҳертслия бархӯрдаанд.

Ба гузориши расонаҳо, Артиши Исроил гуфтааст, дар ҳамлаи субҳи имрӯз Эрон ҳудуи 30 мушак ба ин кишвар партоб кардааст, ки теъдоде аз онҳо ба баъзе минтақаҳо бархӯрдаанд.

Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри як иттилоия гуфтааст, онҳо Маркази иттилооти хориҷӣ (Созмони ҷосусӣ)-и Исроил, МОСАД ва Маркази иттилоотии низомии Артиши ин кишварро ҳадаф қарор додаанд. Сипоҳ гуфтааст, “ин марказҳо ҳамакнун дар оташ месӯзад”. Исроил ин хабарро то кунун тасдиқ ё рад накардааст.

Ҳамчунин, ба гузориши расонаҳо, шаби гузашта Эрон се маротиба ба хоки Исроил мушак партоб кардааст. Хадамоти изтирории Исроил гуфтааст, дар пайи партоби мушакҳо аз Эрон дар давоми шаб маҷруҳону кушташудаҳо сабт нашудаанд.

BBC ба нақл аз расонаҳои исроилӣ навиштааст, ки полоишгоҳи нафти Ҳайфо пас аз ҳамлаҳои Эрон осеб дида, кори худро қатъ кардааст. Эрон қаблан гуфта буд, ки шоми рӯзи якшанбе ин полоишгоҳро ҳадаф қарор додааст. Ба гузориши “Ройтерз”, се корманди полоишгоҳи мазкур низ кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гузориши расонаҳо, аз дирӯз то кунун Исроил ҳам ба минтақаҳо гуногуни Эрон, аз ҷумла, ба Теҳрон, Табрез, Кошон ва Исфаҳон ҳамла кардааст.

Рӯзи гузашта Исроил, ҳамчунин, ба идораи Созмони садову симо (телевизион ва радио)-и Эрон ҳуҷум кард. Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар пайи ин ҳамла, се корманди садову симо кушта шудаанд. Онҳо Нимо Раҷабпур, сардабири хабар, Маъсума Азимӣ, корманди дабирхона ва як корманди дигари садову симои Эрон будаанд. Баъди чанд соат брномаҳои Садо ва симо дубора барқарор шуд.

Хабаргузории “Форс”, наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи гузашта аз ҳамлаи Исроил ба як бемористон, аспхона ва намоишгоҳи мошинҳои боркаш дар Кирмоншоҳ ҳам хабар дода буд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳамла қисматҳое аз беморхонаи Форобии Кирмоншоҳ зарар дида, баъзе беморон маҷруҳ шудаанд.

Рӯзи гузашта расонаҳои Эрон аз ҳамла ба як ёрии таъҷилӣ дар ин кишвар ва кушта шудани се имдодгари Ҳилоли аҳмари Эрон хабар дода буданд.

Расонаҳои Эрон аз ҳамлаҳои Исроил ба наздикии майдони Озодии Теҳрон, подгон (гарнизон)-и низомӣ дар ғарби Теҳрон, бинои Хадамоти оташнишонии Мусиён, яке аз гузаргоҳҳо дар минтақаи Кошон аз дирӯз то кунун хабар додаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳамла ба гузаргоҳе дар Кошон, ки субҳи имрӯз аз сӯи Исроил анҷом шудаст, се нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудааст.

Субҳи имрӯз Артиши Исроил иддаъо кардааст, ки Алӣ Шодмонӣ, фармондеҳи тозаинтихоби Қароргоҳи марказии "Хотам-ул-анбиё"-ро дар ҳамлаҳои худ куштааст. Ӯ чор рӯз пеш пас аз кушта шудани Ғуломалӣ Рашид, собиқ фармондеҳи Қароргоҳи Хотам-ул-Анбиё дар ҳамлаи Исроил ба ин вазифа мансуб шуда буд. Эрон то кунун кушта шудани Алӣ Шодмониро рад ё тасдиқ накардааст.

Ёдрас мешавем, ки низоъ миёни Теҳрон ва Телавив бо ҳамлаи Исроил дар субҳи 13-уми июн ба чанд шаҳри Эрон оғоз шуд. Исроил ин ҳамларо “Бархостани шер” унвон карда, ҳадафи онро пешгирӣ аз дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ хонд. Вале Эрон борҳо гуфтааст, ки дар пайи сохтани бомбаи атомӣ нест ва ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.

Дар ин пайвандҳо хонед, ки дар рӯзи аввалдуюм ва сеюми даргирӣ миёни Эрон ва Исроил чӣ гузашт. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...