Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ

Пулодӣ Парвиз Рӯзизода, декани пешини факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд бо иттиҳоми фасодкорӣ ва ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ боздошт шуда буд, пас аз эълони ҳукми додгоҳ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд вафот кардааст. Аз Додгоҳи вилояти Суғд ба […]

Пулодӣ Парвиз Рӯзизода, декани пешини факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд бо иттиҳоми фасодкорӣ ва ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ боздошт шуда буд, пас аз эълони ҳукми додгоҳ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки мурофиаи охир 13-уми июн баргузор ва зимни он Парвиз Рӯзизода барои “пора гирифтани шахси мансабдор” (моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ) ва “ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” (моддаи 139 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) гунаҳкор ва ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Тибқи иттилои аз чанд манобеъ дастраскардаи “Азия-Плюс”, пас аз эълони ҳукми додгоҳ, “фишори Парвиз Рӯзизода баланд шуда, дар боздоштгоҳ дилаш аз кор мондааст”. Сабаби марги ӯ бемории қалб гуфта мешавад.

Имрӯз, 17-уми июн, хабари дар боздоштгоҳ вафот кардани Парвиз Рӯзизодаро аз Додгоҳи шаҳри Хуҷанд низ тасдиқ карданд, аммо аз ироаи тафсилоти бештар худдорӣ намуданд.

Як манбаъ аз Раёсати ДДХ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “Парвиз Рӯзизода пас аз эълони ҳукми 17 соли зиндон, шаби 13-уми июн дилаш аз кор мондааст. Ӯро 14-уми июн дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супориданд”.

Назари вакили дифоъ ва ё наздикони марҳум маълум нест.

Тибқи маълумоти дастрасгардида, Парвиз Рӯзизода пештар низ бо иттиҳоми вобаста ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 140 Кодекси ҷиноятии ҶТ) боздошт шуда будааст, аммо баъдтар ӯ боз ба кори муаллимӣ баргашта, вазифаи деканро соҳиб шудааст.

Бори охир Парвиз Рӯзизода моҳи феврали имсол аз ҷониби мақомоти амнияти вилояти Суғд бошдошт гардид.

Баъди чанде, 11-уми марти соли 2025, Аюб Усмонзода, ректори ДДХ низ аз сӯйи ин мақомот боздошт шуд. Вале то куҷо ин боздоштҳо ба ҳам рабт доранд, маълум нест.

Аюб Усмонзодаро мақомоти тафтишотӣ ба фасодкорӣ муттаҳам мекунанд. Аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки парвандаи Усмонзода тибқи моддаи 319 қисми 4 бандҳои “б” ва “в”-и Кодкси ҷиноятии ҶТ, яъне гирифтани пора аз ҷониби гурӯҳи муташаккил баррасӣ мешавад.

Пас аз боздошт, ҳамсари Аюб Усмонзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳарам бегуноҳ аст ва ман бовар дорам, ки ҳақиқат ошкор мешавад”.

Ёдовар мешавем, ки боздошти кормандони донишгоҳи мазкур бори аввал расонаӣ намешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарии худ Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро  муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои  коррупсионӣ дар ин донишгоҳро ошкор карданд.

Салимзода гуфта буд, нисбат ба панҷ корманди донишгоҳи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Нисбати онҳо ҳукм содир шудааст ё не маълум нест.

Ҳамакнун, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик додгоҳ нисбати Аюб Усмонзода ҳукм содир кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.