Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд

Шоираи Қудрат, Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Пулиси Душанбе барои пайдо кардани Сабина ва Малика Араловаҳо, ки 12 сол қабл гум шуда буданд, 500 ҳазор ё ним млн сомонӣ ҷоиза ваъда кардаанд. Онҳо моҳи марти соли 2013, замоне ки 5 ва 4 сол доштанд, аз назди хонаашон дар атрофи фурӯшгоҳи "Садбарг" дар Душанбе гум шуданд ва бо вуҷуди кофтукови зиёд то ҳол аз онҳо дараке нест.

Раёсати ВКД дар пойтахт бо нашри як муроҷиатнома ва акси 12 сол пеши онҳо гуфтаст, ки махфият ва амнияти нафаре, ки хабар медиҳад, дар доираи қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.

Ба навиштаи ин ниҳод, маблағи ҷоиза аз ҷониби ин ниҳод пардохта мешавад.

“Нафароне, ки дар бораи ин хоҳарон маълумоти боэътимод доранд, бо рақамҳои 2210057 ва +992 018-02-02-02 метавонанд тамос гиранд”, гуфтааст РВКД.

 

Падари Сабина: "Рақами телефонамро иваз накардам…"

Улуғбек Аралов, падари Сабина Аралова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳори умедворӣ кард, ки шояд ин ташаббус барои пайдо кардани кӯдакаш кумак кунад.

“Мо ҳама бовар дорем, ки билохира касе вокуниш нишон медиҳад, касе пайдо мешавад, ки ҳадди ақал чизе медонад”, – гуфт ӯ.

Номбурда илова кард, тӯли ин солҳо бо умеде, ки аз он тарафи гӯшӣ садое шунида мешавад, ки духтарашро ба ӯ бармегардонад, рақами телефони худро тағйир надодааст.

“Ҳатто баъди 12 сол мо умеди бозгашти фарзандонамонро аз даст надодаем. Умедворем, ки билохира касе хабари зинда будан ва дарёфти онҳоро меорад ва духтаронамон бо мо хоҳанд буд. Аммо ин хеле сангин аст. Ҳар шаб мо бо ҳамон дард ва умеде, ки рӯзҳои аввали бедаракшавии фарзандонамон доштем, хоб меравему чашм боз мекунем. Ҳар чӣ набошад, мо ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳем шуд”, – мегӯяд падари Сабина.

Вай гуфт, мақомот тафтишотро тӯли ин солҳо қатъ накардааст ва гоҳ-гоҳ тамос мегиранд, то хабари наве шунаванд.

“Аммо посух танҳо хомӯшист. Дил аз дард ба фишор меояд ва чашмон аз ашк пур мешаванд”, – бо дард мегӯяд ӯ.

 

Сабина ва Малика 12 сол пеш гум шуданд буданд. Аз онҳо то ҳол дараке нест

Малика ва Сабина Араловаҳо амакдухтарҳое мебошанд, ки 12 сол қабл, 25-уми марти соли 2013 каме дуртар аз маркази савдои “Садбарг” ғайб зада буданд. Он замон Сабина 4 ва Малика 5-сола буданд. Ин яке аз ҳодисаҳои пурсарусадотарин дар соли 2013 буд, ки тамоми шаҳрвандони кишварро ба изтироб андохта буд ва тамоми сокинони кишвар бо шеваҳои гуногун ба ҷустуҷӯи онҳо пардохта буданд.

Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми вохӯрӣ бо ҳайати шахсии ВКД аз ин ҳодиса нигаронӣ карда, онро “ҷинояти доғдоркунандаи миллат” номида буд. Ӯ ба масъулин дастур дода буд, ки барои ҳарҷи зудтар ошкор кардани ин ҷиноят чораҳои зарурӣ андешанд.

Он замон ВКД Тоҷикистон гуфта буд, ки аз тамоми василаҳо ба манзури пайдо кардани Сабинаву Малика истифода карданд. Бар иловаи он ки барои онҳое, ки Сабинаву Маликаро пайдо мекунанд, мукофоти пулӣ ваъда кард, ҳамчунин аз Идораи иктишофӣ ё ФБР -и Амрико низ хост, то дар пайдо кардани ин ду духтари хурдсол кумак кунад.

Аммо дар ҳоле, ки волидайни Маликаву Сабина, гурӯҳҳои ихтиёрӣ ё волонтёрҳо ва мақомот дар ин муддат дар ҷустуҷӯ ва ё кӯмак барои пайдо кардани онҳо буданд, дар оғоз овозаҳои мухталифе ба падару модари онҳо мерасид, ки тифлаконеро дар гушае аз шаҳр дидаанд, ки ба Маликаву Сабина монанд ҳастанд. Вале бе натиҷа… 

Ҳатто хабарҳое пахш шуд, ки гуё касе онҳоро дар маҳалли лӯлинишини Лучоб дидааст. Мақомоти интизомӣ низ ба волидайни кӯдакон кӯмак карданд ва ба ин маҳалла рафтанд, аммо боз ҳам ин хабар дурӯғ баромад.

Чанд сол акси ин ду духтарак дар кӯчаву хиёбонҳо ва дар бозору дохили автобусу тролейбусҳо часпонда шуда буданд, садҳо ихтиёрӣ онҳоро дар гӯшаву канори Душанбе мекофтанд.

Вале то ҳол дар робита ба нопадид шудани Сабина ва Малика Араловаҳо ҷузъиёте кашф нашудааст. Бо вуҷуди ин, волидони онҳо аз пайдо шудани духтаронашон чашмдоранд ва умедро аз даст намедиҳанд. Мақомот ҳам паврандаро қатъ накардаанд ва ҷустуҷӯ идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...