Аз гумшавии Сабина ва Малика Араловаҳо се сол сипарӣ шуд

Се сол қабл, 25 марти соли 2013 амакдухтарҳо Сабина ва Малика Араловаҳо дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Ин яке аз ҳодисаҳои пурсарусадотарин дар соли 2013 маҳсуб ёфта, духтарон то ҳол дарёфт нашудаанд. Амакдухтарҳо Сабинаи 4-сола ва Маликаи 6-сола шоми рӯзи 25 марти соли 2013 каме дуртар аз маркази савдои «Садбарг» ғайб зада, аз ҷустуҷӯи фаврии […]

ASIA-Plus



Се сол қабл, 25 марти соли 2013 амакдухтарҳо Сабина ва Малика Араловаҳо дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Ин яке аз ҳодисаҳои пурсарусадотарин дар соли 2013 маҳсуб ёфта, духтарон то ҳол дарёфт нашудаанд.

Амакдухтарҳо Сабинаи 4-сола ва Маликаи 6-сола шоми рӯзи 25 марти соли 2013 каме дуртар аз маркази савдои «Садбарг» ғайб зада, аз ҷустуҷӯи фаврии мақомоти корҳои дохилӣ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуда буд. Тамоми сокинони ҷумҳурӣ бо тарзҳои гуногун ба ҷустуҷӯи онҳо пардохта, вале то ҳанӯз онҳо дарёфт нашудаанд.

Баъди се ҳафта аз замони бедаракшавии духтарон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо волидони Малика ва Сабина Араловаҳо вохӯрда, тадбирҳои ҷустуҷӯи онҳоро зери назорати махсус гирифт.

Соли 2014 дар вохӯрӣ бо ҳайати шахсии ВКД президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати бедаракшавии духтарон нигаронӣ изҳор намуда, дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар ошкор шудани ин ҳодиса тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ба гуфтаи Нигина Аралова, модари Сабина, ӯ ба фолбинҳову экстрасенсҳо низ муроҷиат кардаааст, вале он ҳам ҳеҷ натиҷае надода, то имрӯз духтарон бе ному нишонанд.

Нигина ва Улуғбек, волидони Сабина ҳоло ҳам ба дарёфти фарзандашон умедвор буда, ҷустуҷӯро идома медиҳанд. Онҳо мегӯянд, даҳҳо нафар кӯдакони бедаракшуда дар шаҳру навоҳии кишвар дарёфт шуда, онҳо ҳам ба дарёфти духтарашон бовар доранд.

«Далели нигаронкунанда он аст, ки замони таҷрибаи корӣ ман дар хотир надорам, ки дар чунин муддати тӯлонӣ кӯдакони гумшуда дарёфт нашуда бошанд. Ҳадди ниҳоӣ дар муҳлати як ҳафта онҳоро зинда ё ҷасадашонро дарёфт мекарданд ва гунаҳкор ҷазо мегирифт. Ба андешаи ман, вазъи кунунӣ бозгӯи ҷой доштани камбудиҳо дар кори мақомоти тафтишот аст. Қаблан мақомоти мо ба мисли ҳозира чунин имконоти техникӣ надоштанд, вале дар кадрҳои соҳибтаҷриба чун дар кори кунунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудӣ надоштем», – гуфт дар мусоҳиба яке аз собиқадорони мақомоти интизомӣ.

Модари Сабина аз он дар ташвиш аст, ки ин ҳодисаро ҳама фаромӯш карданд ва ҷустуҷӯ қариб хотима ёфтааст. Аз ин рӯ, ӯ бори дигар ба тамоми касоне, ки ягон маълумоте дар бораи духтарони гумшуда дар даст доранд, барои кумак муроҷиат мекунад. Шояд баъди интишори хабари нав ягон воситае пайдо шаваду ба дарёфти маълумот дар бораи духтарон кумак кунад.


ТАВАҶҶУҲ:

Ҷустуҷӯи духтарони гумшуда – Сабина ва Малика Араловаҳо идома дорад. 

Аз ҳама касоне, ки дар бораи ин ҳодиса ва худи духтарон ягон маълумоте дорад, дархост мекунем, ки бо телефонҳои

900-01-11-33

(Улуғбек, падар) ва

919-70-55-33

(Нигина, модар) дар тамос шаванд. Барои маълумот мукофотпулии бузург дода мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.