Президент дар Ашт мактаби навро ба истифода дод

Рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ расман ифтитоҳ бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, арзиши умумии корҳои сохтмоонӣ ва таҷҳизонидани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии […]



Рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ

расман ифтитоҳ бахшид.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, арзиши умумии корҳои сохтмоонӣ ва таҷҳизонидани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандӣ наздики 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи ҳаваскорони мактаб 1 адад пианино, асбобҳои дигари мусиқӣ, 3 мошинаи дарздӯзӣ, ду тахтаи электронии синфӣ ва барои таъсиси боз як синфхонаи компютерӣ компютерҳои муосир тақди намуд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон назди сокинони ноҳия, омӯзгорону хонандагон

суханронӣ

ва суҳбати самимона орост.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов

бинои нави Кохи фарҳангро

ба истифода дод.

Зимни шиносоӣ аз иншооти нави фарҳангӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони Кохи фарҳанги ноҳия моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад.

Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон назди аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва сӯҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд,

суханронӣ намуда

, мулоқоти самимӣ орост.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.