Хатлон: Боздошти гумонбар ба қатли пешхизмати 26-сола

Дар дохили канали обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ субҳи рӯзи 22 март ҷасади зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ду даст ва пойҳояш бо ресмон бастагӣ дарёфт гардидааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки он ҷасади зани 26-солаи сокини ноҳияи ҶалолиддиниБалхӣ буда, дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат шуда кор […]



Дар дохили канали обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ субҳи рӯзи 22 март ҷасади зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ду даст ва пойҳояш бо ресмон бастагӣ дарёфт гардидааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки он ҷасади зани 26-солаи сокини ноҳияи ҶалолиддиниБалхӣ буда, дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат шуда кор мекардааст.

Гуфта мешавад, барои муайян ва ошкор намудани ҷинояти куштор фавран бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Қайд мешавад, ки рӯзи 24 март кормандони РВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратура ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.