Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 июни соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 18 ИЮН

– Имрӯз соати 18:00 дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский намоишномаи “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ИЮН

Соли 2005 – Сохтмони пули бузург бар рӯди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайваст, оғоз ёфтааст.

Соли 2007 – Дар Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марз фаъолияташро оғоз кард.

Соли 2009 – Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд дар бораи таъсиси аввалин Бунёди исломии инфрасохторӣ дар Осиё бо сармояи умумии 500 миллион доллар ба мувофиқа расиданд.

Соли 2018 – Дар Душанбе пардохти нақдӣ дар автобусу троллейбусҳо пурра бекор шуд ва истифодаи корти нақлиётии “Citycard” ҳатмӣ гардид.

Соли 2024 – Дар Душанбе рӯнамоии ширкати нави кирокашӣ – “Эко-такси”, ки танҳо бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ мекунад, баргузор гардид. Ин ширкат дар марҳилаи аввал бо 400 нақлиёти барқӣ ба кор оғоз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1918 – Мавлуди Алиназар Хоҷаев, ҳунарпешаи театр.

Соли 1935 – Зодрӯзи Мирзо Олимов, табиби тоҷик, бунёдгузори осоишгоҳи “Зумрад-2”.

Мирзо Олимов, ки аз табибони номии тоҷик аст, Донишгоҳи тиббии Душанберо хатм карда, фаъолияташро дар беморхонаи шаҳри Исфара оғоз кард.

Баътар мудири дармонгоҳи шаҳр, сардухтур ва мудири шуъбаи касалиҳои дарунии ин беморхона буд.

Декабри соли 1975 ӯро сардухтури осоишгоҳи “Зумрад” таъин карданд. Баъдтар Мирзо Олимов 11 километр болотар аз ин осоишгоҳи мавсимии “Зумрад-2”-ро таъсис дод, ки соли 1990 аввалин беморони худро қабул кард.

Мирзо Олимов муаллифи беш аз 50 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 3 китоб аст.

Номбурда 10-уми феврали соли 2001 дар 64-солагӣ даргузашт.

Соли 1939 – Мавлуди Сӯҳбат Ҳомидов, коргардони синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сӯҳбат Ҳомидов аз чап

Сӯҳбат Ҳомидов яке аз коргардонҳои маъруфи замони шуравӣ буда, аксари филмҳои офаридаи ӯ маъруфият доранд. Фаъолияти ӯ солҳои 70-ум дар синамои тоҷик назаррас буд.

Номбурда хатмкардаи Институти давлатии умумииттифоқии санъати синамо буда, 5 филми пурра ва зиёда аз 10 филми кӯтоҳмуддатро ба навор гирифтааст.

Аз ҷумла филмҳои пурраи “Вохӯрӣ дар масҷиди куҳна”, “Офтоб дар киштӣ”, “Фатҳкунандагони Вахш”, “Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва филмҳои кутоҳмуддати “Гуруснагӣ”, “Сирри убури фаромӯшшуда”, “Ҳафт домоди рабудашуда”, “Писар гум шуд” аз сӯи ӯ ба навор гирифта шудаанд.

Соли 1962 – Зодрӯзи Шуҳрат Ашӯров, оҳангсоз, раиси пешини Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Соли 1972 – Зодрӯзи Бунафша Шокирова, овозхони тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

18-уми июн Рӯзи ҷаҳонии гастрономияи устувор таҷлил мегардад. Гастрономия илм ва санъатест, ки ба омӯзиши ҳунари пухтупаз, фарҳанги хӯрокворӣ ва қоидаҳои истеъмоли ғизо машғул аст.

Гастрономияи устувор ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар кардани сифати ғизо, истеҳсоли устувори маводи хӯрокворӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

18-уми июн Рӯзи байналмилалии изтироб аст. Ин рӯз ҳамасола ҳамчун як иди ғайрирасмӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад ва ҳадафи он пешгирӣ аз омилҳои изтироб дар шуури инсон аст. Изтироб ҳолати равониест, ки метавонад ба амалҳои назоратнашаванда ва ногаҳонӣ оварда расонад.

Равоншиносон бар онанд, ки кӯшиши пайвастаи худдорӣ аз изтироб метавонад худ ба манбаи он табдил ёбад. Аз ин рӯ, онҳо тавсия медиҳанд, ки инсон ҳадди ақал як маротиба дар сол ба худ иҷозат диҳад, ки бо дилхоҳ сабабе дар худ изтиробро таҷриба кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

18-уми июни 1583 дар Лондон нахустин суғуртаи ҳаёти инсон ба қайд гирифта шуд. Ричард Мартин ҳаёти тоҷири намак Уилям Гибонсеро ба маблағи 383 фунт барои як сол суғурта кард. Тибқи шартнома, дар сурати марги Гибонс дар давоми 12 моҳ, ба хонаводааш 4800 фунт пардохт мешуд.

Гибонс се ҳафта пеш аз анҷоми муҳлати шартнома вафот кард ва Мартин намехост маблағро пардохт намояд. Ӯ ба додгоҳ муроҷиат намуда исрор кард, ки дар шартнома сухан аз 12 моҳи қамарӣ (336 рӯз) мерафт ва Гибонс дар рӯзи 345-уми шартнома фавтида буд. Додгоҳ бо Мартин розӣ шуд, вале қарор дод, ки хонаводаи Гибонс набояд комилан бидуни пардохт монад ва маблағи камтаре ба онҳо дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

18-уми июни соли 1889 Уилям Ричардсон дар ИМА аробачаи кӯдаконаеро патент кард, ки модели реверсивӣ дошт: кӯдак метавонист ё рӯ ба ронанда ё пушт ба ӯ нишинад. Инчунин ба аробача меҳварҳо илова шуданд, ки онро дастгоҳи идораи самти ҳаракатро низ доштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 23+28º гарм, рӯзона 40+45º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º  гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 40+42º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...