Табиби ҳозиқу муҳаққиқи нуктасанҷ. Нигоҳе ба рӯзгору фаъолияти Бӯрӣ Нурхонов

Date:

Бӯрӣ Нурхонов яке аз табибони ҳозиқи тоҷик буда, дар соҳаи тиб як қатор таҳқиқоти вижа анҷом додааст ва барои садҳо донишомӯзони ин ришта ҳақи устодӣ дорад. Агар умр вафо мекард, 10-уми июни соли ҷорӣ ӯ 80-солагии худро таҷлил менамуд.

Аз ангезаи интихоби касб то расидан ба дараҷаи докториву корномаи ӯ ва хизмати тиббиаш дар Яманро дар матлаби зерин, ки мухтасари нигоштаи Бахтиёр Муртазо, Нависандаи халқии Тоҷикистон аст ва дар ҳафтаномаи “Минбари халқ” нашр гардидааст, метавонед мутолиа кунед.

 

Тағйири интихоби касб баъди бемории хоҳараш

Бӯрӣ Нурхонов аз хурдсолӣ ба илмомӯзӣ шавқи зиёд доштааст. Ин аст, ки дар 6-солагӣ ҳамроҳи бародараш ба мактаб меравад. Ӯ дорои ҳофизаи қавию зеҳни равшан буд ва маорифчиёни деҳа аз он замон ба ояндаи неки ин толибилми закӣ хушбин буданд ва интизор доштанд, ки “академик мешавад”.

Нахуст тасмими Бӯрӣ Нурхонов ин будааст, ки дар риштаи физика таҳсилашро идома диҳад. Аммо тақрибан ду моҳ қабл аз имтиҳони дохилшавӣ ҳодисае ба тағйири риштаи касб ангеза мешавад.

Он замон хоҳари Бӯрӣ ба бемории ҳасба (сурхак, арақӣ, тиф) гирифтор ва вазъаш хеле бад мешавад. Волидонаш шабонарӯзӣ дар беморхона хоҳарашро парасторӣ мекунанд. Ӯ мушоҳида мекунад, ки гирифторони ин иллати сироятӣ зиёданд, аммо як табиб будаасту барои муолиҷаи амиқи ҳама фурсат тангӣ мекардааст. Ин ҳодиса ангеза мешаваду ӯ пеши худ ҳадаф мегузорад, ки табиб шавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамин тариқ соли 1961 Бӯрӣ Нурхонови 16-сола донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ мегардад. Бо ӯ ду нафари дигар низ донишҷӯи риштаи мазкур мегарданд, ки “падидаи неки солҳои баъдиҷангӣ” дар он замон тафсир ёфтааст.

Бӯрӣ Нурхонов аз ду устодаш, ки дар ҷодаи илм ӯро раҳнамуну дар сарнавишташ таъсиргузор будаанд, ёд овардааст. Яке аз онҳо Абдуқодир Раҳмонов, устоди мактаби деҳааш ва дигаре Комилҷон Тоҷиев будааст, ки баъдтар раиси донишгоҳ ва аввалин дорандаи мукофоти ба номи Абӯалӣ ибни Сино шудааст.

Номбурда дар таърифи ин устодаш гуфтааст, “Тоҷиев ба шогирдонаш якранг муносибат мекард ва шогирдони ӯ хуҷандию помирӣ, истаравшанию зарафшонӣ, ҳисорию кӯлобӣ, раштию аштӣ ва аз лиҳози миллат арманӣ, озарӣ, тоҷик, осетин, ӯзбек, рус, яҳудӣ, туркман буданд”.

 

Таҳқиқоту ихтирооти Нурхонов

Нурхонов ҳанӯз дар солҳои донишҷӯйӣ нахустин тадқиқоти худро менависад, ки “Микроорганизмҳои ҳалқуми коркунони шуъбаи ҷарроҳӣ” унвон доштааст. Кори илмии ояндаи Бӯрӣ Нурхонов ба хосиятҳои касалиҳои сӯхта ва шуъоӣ дар шароити баландкӯҳ бахшида шуда буд. Муҳаққиқи ҷавон дар озмоишгоҳи ағбаи Анзобу дармонгоҳҳои Бадахшону дигар манотиқ таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, рисолаи номзадиашро дар ин мавзуъ дифоъ мекунад.

Баъди соле ба ӯ пешниҳод мешавад, ки дар Маскав дар зинаи докторантура таҳсилро идома диҳад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо он замон олими ҷавон шароити хуби зиндагӣ надошт ва бо ҳамсару фарзандони хурдсолаш дар хонаи иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекард. Иттифоқо борони пайдарпайи он рӯзҳо сақфи кулбаи кирояашро ҳам сӯрох карда будааст.

Устодаш бо вуҷуди он ки вазъи шогирдашро дарёфта буд, боз ҳам таъкид мекард, ки чунин имкон шояд дигар фароҳам нашавад, гарчанде дар ин роҳ бо мушкили зиёд мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба ин тариқа, дар тӯли ҳабдаҳ соли таҳсилу пажӯҳиш ба мартабаи докторӣ расид ва таҳқиқоту кашфиёти зиёди илмӣ анҷом дод. Дар ин давра, ҳамзамон чун ҷарроҳ шинохта шуд ва натиҷаҳои таҳқиқоташро дар шакли мақолаву рисолаву монографияҳо ба табъ расонид.

Бояд гуфт, таҳқиқоти Бӯрӣ Нурхонов дар амалия татбиқ шуда, натиҷаҳои назаррас овардаанд. Таҳқиқоте, ки ба хосиятҳои бемориҳои сӯхта ва шуоъӣ бахшида шуда буд, баъди фоҷиаи Чернобил аҳаммияти худро нишон додааст.

Нурхонов як қатор ихтироот низ дорад. Ӯ дар озмоишгоҳи полимерҳои тиббии Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи улуми кишвар бо роҳбарии Ҷӯрабой Холиқов, олими варзида маводи ҷабандаеро ихтироъ кардааст, ки дар муолиҷаи беморон барои тоза кардани хун-лимфа ва дигар моеъҳои бадан аз заҳрҳои дохиливу берунӣ истифода мешавад.

Гуфта мешавад, ки маводи ҷабандаи “ИХАНТ” маҳз бо шарофати ин тадқиқоти табиби тоҷик дар тамоми ҷаҳон маъруф гардид ва дар шифохонаҳои Русия ба кор бурда шудааст. Ҳамчунин як қатор кишварҳои хориҷа низ аз он талаб намудаанд.

Ихтирои ин модда сабаб шудааст, ки Нурхонов мукофоти ба номи Абӯалӣ ибни Синоро сазовар гардад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нахустин ҷарроҳӣ

Замоне ки Бӯрӣ Нурхонов ҳанӯз донишҷӯи курси панҷум буду дар Хуҷанд давраи таҷрибаомӯзӣ мегузашт, аввалин ҷарроҳиашро мустақилона анҷом додааст. Бемор духтараки 12-сола – набераи Новиков, ҷарроҳи номии вилоят буда, илтиҳоби кӯррӯда доштааст ва ҷарроҳӣ муваффақона анҷом ёфтааст.

Нурхонов аз яке аз ҷарроҳиҳо, ки ҷузъи нозуктаринаш дӯхтани шоҳраг будааст, ба унвони яке аз ҷарроҳиҳои мушкил дар давраи аввали фаъолияташ ёд меорад, ки бо вуҷуди муваффақона анҷом пазируфтани амалиёт устодаш эрод гирифтааст, то минбаъд ин гуна ҷарроҳӣ мӯшикофона гузаронида шавад.

Ӯ сахтгириҳои устодонашро калиди муваффақиятҳои минбаъдааш медонад.

 

Хизмати тиббӣ дар Яман

Нурхонов даҳ сол бо ҳамсараш, ки ӯ низ пешаи табибиро дорад, дар Яман ба муолиҷаи мардуми ин кишвар машғул будааст. Ӯ соли 2001 бо сафари хидматӣ ба ин кишвар рафта, аввал дар бемористони  Ҷамъияти исломии Водиюлайн дар вилояти Ҳазрамавт ба муолиҷа мепардозад ва беш аз як соли аввал масъули ин бемористон будаасту як силсила ҷарроҳиҳои мураккабро анҷом додааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба нақли ӯ, он ҷо бемориҳои варами кирмшакли кӯррӯда, чурра, бавосир, ҷоғар, санги талхадон бисёр вомехӯранд. Иллати ин бемориҳо бошад, камбудии оби тоза гуфта мешавад.

Дар Яман норасоии об шадидан эҳсос шуда, мардум аксаран оби нӯшиданиро аз чоҳҳои садметраю панчоҳметра берун оварда, баъди полиш истеъмол мекардаанд. Бо вуҷуди ин, сифати об нохуб буда, далели гирифторӣ ба бемориҳои гуногун будааст, ки бо усули ҷарроҳӣ шифо меёфтаанд.

Соли дуввуми фаъолияти онҳо дар бемористони шаҳри Радааи вилояти Албейда гузаштааст. Нурхонов мегӯяд, онҷо нафарони аз тиру туфанг ҷароҳатбароштаро бештар ҷарроҳӣ мекардааст. Ба нақли ӯ, мардуми ин шаҳр “хусуматпарвару интиқомгир” буда, агар аз касе осеб дида бошанд, дар лаҳзаи мувофиқ аз он шахс ё наздикони ӯ тавассути тиру туфанг интиқом мегирифтаанд.

Ин табибу муҳаққиқ нақл мекунад, ки дар Яман кӯдакон зиёд ба бемориҳо гирифтор мешаванд. Ҳамсари ӯ, ки табиби атфол буду солҳо чун сардухтури Хонаи бачаҳои рақами 1-и Душанбе фаъолият ва дар ин ришта таҷрибаи кофӣ дошт, ба муолиҷаи кӯдакони яманӣ машғул будааст. Ба нақли ӯ дар Яман ӯ рӯзе то 30-35 кӯдакро муоина мекардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тадрис бо забони тоҷикӣ

Риштаи умри ин табиби ҳозиқ ва муҳаққиқи шинохта 11-уми июли соли 2011 канда шуд, аммо аз Бӯрӣ Нурхонов кӯлбори пурборе боқӣ монд. Дар тӯли ҳаёти пурсамари худ ӯ қариб 115 асари илмӣ таълиф намудааст, ки монографияи “Ҳемосорбтсия барои муолиҷаи садамаи якҷояи сӯхта ва шуоъ”, асарҳои калонҳаҷми “Касалиҳои ҷарроҳӣ”, “Ҷарроҳии умумӣ” аз ин қабиланд.

Ҳамзамон ӯ беш аз 6 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидааст. Нурхонов, ки солҳо ба толибилмони риштаи тиб дарс мегуфт, шогирдони зиёдеро дар ин самт тарбия кардааст.

Яке аз махсусиятҳои шеваи тадриси ин ҷарроҳу омӯзгор ба шогирдон он буд, ки тамоми дарсҳои ӯ ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт ва ин аз афзалиятҳои фаъолияти ин муҳаққиқу омӯзгор дониста мешавад.

Ба донишомӯзоне, ки ҳаёти худро ба илми тиб бахшиданианд, бо усули устодонаш сахтгирона муносибат менамуд. Ӯ дар бораи ҷарроҳон чунин ақида дошт, ки “онҳо бояд дастони хеле дақиқсанҷ дошта бошанд, мисли он бинокори борикфаҳми мадрасаи Хоҷа Машҳад, ки роҳи гардиши офтоб ва мавқеи иморатро хеле дақиқу мӯшикофона ҳисоб намуда, аз ҳафтранги нурҳои хуршед дар девор дили зиндаи одамиро таҷассум карда метавонад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...