Имзои чанд санади нави ҳамкорӣ. Натиҷаҳои ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”

Дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”, ки дирӯз, 17-уми июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид, як қатор санадҳо, аз ҷумла санади “Паймони ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ” ва “Эъломияи Остона” ба имзо расидааст. Ин ҳамоиш бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷараён гирифта, муҳимтарин масоили вобаста ба рушди ҳамкории […]

Asia-Plus

Дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”, ки дирӯз, 17-уми июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид, як қатор санадҳо, аз ҷумла санади “Паймони ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ” ва “Эъломияи Остона” ба имзо расидааст.

Ин ҳамоиш бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷараён гирифта, муҳимтарин масоили вобаста ба рушди ҳамкории муштарак баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин як қатор санадҳои дигари ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Чин ба имзо расидаанд:

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни сохторҳои саноатии Осиёи Марказӣ ва Чин;

Нақшаи амал байни вазоратҳои иқтисод ва тиҷорати Осиёи Марказӣ ва Чин оид ба таҳкими ҳамкории тиҷорӣ-иқтисодӣ;

Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои иқтисоди минтақа ва Чин оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи савдои озод;

Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ дар бахши маъданҳои сабз;

Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ дар роҳи оҳани экспресс “Чин – Осиёи Марказӣ – Аврупо”;

Нақшаи амал барои татбиқи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”;

Ташаббус оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон дар чаҳорчӯби формати “Осиёи Марказӣ – Чин”;

Барномаи чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои солҳои 2025–2026;

Ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумрукии Осиёи Марказӣ ва Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии хатарҳои гумрукӣ;

Ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумрукии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин оид ба ҳамкории техникии санҷиши ғайриинтрузивӣ ва шиносоии зеҳнии тасвирҳо;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар содагардонии низоми иҷозатномагирӣ барои боркашониҳои байналмилалӣ;

Ёддошти тафоҳум байни сохторҳои нақлиётӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мубодилаҳои гуманитарӣ дар бахши нақлиёт.

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар ин ҳамоиш рушди бахшҳои энергетика, аз ҷумла энергетикаи “сабз”, саноат, коркарди минералҳои муҳим, нақлиёт, васеъ кардани долонҳои транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли бор ва рушди кишоварзиро самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номидааст.

 “Мо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи тиҷоративу иқтисодии мо нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса медиҳем”, – изҳор кардааст ӯ.

Ҳамчунин масъалаи рушди рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани тиҷорати электрониро барои равобити тиҷориву иқтисодӣ таъсиргузор гуфта, аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд, ки моҳи сентябри соли 2024 ба СММ пешниҳод гардида буд, ёд овардааст.

Раисҷумҳури Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, Осиёи Марказиро яке аз самтҳои афзалияти волои сиёсати хориҷии Чин номидааст.

“Чин омода аст, ки таҷриба ва технологияҳои худро барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас намояд”, – гуфтааст ӯ.

 

Имзои шаш санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

Бояд гуфт, дар доираи ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин мулоқот анҷом дода, вобаста ба вазъ ва рушд додани муносибатҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ суҳбат кардааст.

Дар вохӯрӣ гуфта шудааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад. Инчунин дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин мулоқот Тоҷикистону Чин шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд:

– Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

– Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Чин барои давраи то соли 2030;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Чин;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;

– Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Чин.

Инчунин дар мулоқот ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон зарур шуморида шуда, рушд додани муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик,  бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ таъкид шудааст. Инчунин таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин самти ояндадори ҳамкорӣ номида шудааст.

Тасмим шудааст, ки нишасти сеюми "Осиёи Марказӣ – Чин" дар соли 2027 дар Чин баргузор шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.